9
Дувоздаҳ вакилро фиристодани Исо
1 Исо дувоздаҳ вакилонашро ҷеғ зада, ба онҳо қуввату қудрати берун кардани ҳамаи девҳо ва аз ҳар беморӣ шифо додани одамонро бахшид.
2 Ӯ онҳоро фиристод, то дар бораи подшоҳии Худо эълон карда, беморонро шифо бахшанд.
3 Исо ба онҳо гуфт: «Ба роҳ бо худ ҳеҷ чиз нагиред: на асо, на борхалта, на нон, на пул ва на либоси иловагӣ.
4 Ба ҳар хонае, ки даромадед, то вақти боз ба роҳ баромадан дар ҳамон ҷо бимонед.
5 Вале агар шуморо дар ҷое қабул накунанд, аз он шаҳр берун биравед ва чанги он шаҳрро аз пойҳои худ биафшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
6 Шогирдон аз он ҷо рафтанду деҳа ба деҳа гашта, хушхабарро эълон мекарданд ва дар ҳама ҷо мардумро шифо мебахшиданд.
Ҳайрати Ҳиродус
7 Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба як ҳолати ногувор афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки ин Яҳё аз мурдагон зинда шудааст,
8 дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар зоҳир гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст.
9 Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам. Пас, ин кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай хост Исоро бубинад.
Бо панҷ нону ду моҳӣ сер кардани зиёда аз панҷ ҳазор кас
10 Вақте ки вакилон баргаштанд, тамоми корҳои иҷрокардаашонро ба Исо баён намуданд. Ӯ онҳоро бо худ гирифта ба шаҳри Байт-Сайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо ба танҳо бимонад.
11 Вале мардум аз ин бохабар шуда, аз пасаш рафтанд ва Исо онҳоро бо хушнудӣ қабул карда, ба онҳо дар бораи подшоҳии Худо нақл кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
12 Рӯз бегоҳ мешуд ва он дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷои беодам аст. Мардумро ҷавоб намедиҳед, ки ба қишлоқҳо ва деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷои хоб ва хӯроке пайдо кунанд?»
13 Вале Вай ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Шогирдон гуфтанд: «Мо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем. Магар ин ки худамон рафта, барои тамоми мардум хӯрок бихарем».
14 Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед».
15 Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд.
16 Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу аз Худо баракат талабид ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим бикунанд.
17 Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз пораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.
Кӣ будани Исоро эълон кардани Петрус
18 Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
19 Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, баъзеи дигарашон фикр мекунанд, ки Шумо Илёс ҳастед ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».
20 Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ».
21 Баъд Исо онҳоро таъкид карда фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
22 Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад».
23 Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Ҳар касе, ки аз байни шумо пайрави Ман шудан мехоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад.
24 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
25 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад ва ҷазо бинад?
26 Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли худ, шӯҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард.
27 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо чанд касе ҳастанд, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон подшоҳии Худоро мебинанд».
Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо
28 Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад.
29 Вақте ки Ӯ ба дуогӯӣ машғул буд, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд
30-31 ва инак ду мард, Мӯсою Илёс дар шӯҳрату ҷалол зоҳир гардиданд. Онҳо бо Исо гуфтугӯ карда нақл мекарданд, ки Ӯ дар Ерусалим бояд аз ин дунё равад ва бо ҳамин мақсадашро анҷом медиҳад.
32 Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шӯҳрату ҷалоли Исо ва он ду мардро, ки бо Ӯ меистоданд, диданд.
33 Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке — барои Шумо, дигаре — барои Мӯсо ва сеюм — барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд.
34 Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро бо сояаш фаро гирифт ва вақте ки Мӯсо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд.
35 Ҳамин вақт аз абр овозе шунида шуд, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед».
36 Вақте ки овоз гум шуд, Исо боз танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чӣ дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд.
Шифо ёфтани бачаи девона
37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд.
38 Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Аз Шумо илтимос мекунам, ки ба писарам як назар андозед, зеро ӯ фарзанди ягонаи ман аст.
39 Гоҳ-гоҳ ба вай рӯҳе ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Он рӯҳ ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ аз ӯ даст мекашад.
40 Аз шогирдонатон илтимос кардам, ки он рӯҳро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд».
41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимонону гумроҳон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!»
42 Вақте ки писар ба назди Исо меомад, дев ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо рӯҳи нопокро манъ карду писарро шифо бахшида, ба падараш супорид
43 ва ҳама аз бузургии қудрати Худо дар ҳайрат монданд.
Пешгӯйии дуюми Исо дар бораи марги худ
Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт:
44 «Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад».
45 Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе бипурсанд.
Кӣ аз ҳама бузургтар аст?
46 Шогирдон байни худ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
47 Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин кӯдакеро гирифта, ба паҳлӯи худ гузошт
48 ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ба хотири Ман ин кӯдакро қабул кунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, касеро қабул мекунад, ки Маро фиристодааст. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад».
49 Он вақт Юҳанно гуфт: «Хоҷа, мардеро дидем, ки аз номи Шумо девҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо нест, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
50 Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост».
Исоро қабул накардани сомариён
51 Азбаски то ба осмон бурда шудани Исо вақт кам монда буд, Ӯ қарори қатъӣ қабул кард, ки ба сӯи Ерусалим равона гардад.
52 Исо одамонашро пешопеши худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд.
53 Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Ерусалим равона буд.
54 Шогирдонаш Ёқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Худовандо! Биёед, мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро нобуд созад?»
55-56 Вале Исо ба Ёқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард ва ҳама ба деҳаи дигаре равон шуданд.
Шарту шароити пайрави Исо шудан
57 Онҳо сафарашонро давом медоданд ва дар роҳ марде ба Исо гуфт: «Ман дар ҳама ҷо Шуморо пайравӣ мекунам».
58 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва мурғони ҳаво лона доранд, аммо Фарзанди Инсон ҷое надорад, ки сарашро монда дам гирад»
59 ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам, иҷозат диҳед, ки аввал ба хонаам баргашта, падарамро ба хок супорам».
60 Исо ба ӯ гуфт: «Бигзор мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи подшоҳии Худо эълон бикун».
61 Шахси дигаре ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Ман аз паят меравам, вале иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам».
62 Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор кардан шурӯъ менамояду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар подшоҳии Худо бошад».