Номаи якуми Павлуси фириста
ба
Таслӯникиён
Пешгуфтор
1
Мо Павлус, Силӯс*Шакли дигари номи Силӯс Силвонус аст. ва Тимотиюс ба ҷамоати имондорони шаҳри Таслӯникӣ, ки аз они Худо-Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст, салом мерасонем. Файзу осоиштагӣ бар шумо бодДар баъзе нусхаҳо «Файзу осоиштагӣ аз Худо-Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ» омадааст.!
Таслӯникиён аз рӯи имон зиндагонӣ мекунанд
Мо ҳамеша шумо — таслӯникиёнро дар дуоҳоямон ба хотир оварда, барои ҳамаи шумо Худоро шукр мегӯем. Инчунин дар назди Худо-Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон содир кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред. 4-5  Эй бародарони азизи Худо, азбаски хушхабари расондаамонро на танҳо дар сухан, балки бо қуввати Рӯҳи Пок қабул кардед ва ба он хушхабар боварии комил доред, мо медонем, ки Худо шуморо интихоб кардааст. Худатон ҳам медонед, ки мо чӣ гуна одамон будем, чун барои беҳбудии шумо дар наздатон мондем. Шумо аз мову Худованд ибрат гирифтед: бо вуҷуди азобҳои бисёр шумо каломро бо хушнудии Рӯҳи Пок қабул кардед. Аз ҳамин сабаб, шумо барои ҳамаи имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. Акнун каломи Худованд аз тарафи шумо на танҳо дар Мақдуния ва Охоия, балки дар ҳама ҷое, ки дар бораи имони шумо шунидаанд, паҳн гардид. Барои ҳамин лозим нест, ки дар бораи имони шумо ба касе гӯем. Чунки дигарон аллакай ба мо нақл мекунанд, ки чӣ тавр шумо моро қабул кардаед ва аз бутҳо рӯй гардонида, ба Худои зиндаву ҳақиқӣ рӯй овардаед, то ки ба Ӯ хизмат кунед. 10 Инчунин интизори аз осмон омадани Писараш ҳастед, ки Ӯро Падар аз мурдагон зинда кардааст — Исоро, ки моро аз ғазаби омадаистодаи Худо раҳоӣ мебахшад.

*1:1 Шакли дигари номи Силӯс Силвонус аст.

1:1 Дар баъзе нусхаҳо «Файзу осоиштагӣ аз Худо-Падари мо ва Худованд Исои Масеҳ» омадааст.