4
Дар бораи зиндагие, ки ба Худо писанд аст
1 Инак, бародарон, бо номи Худованд Исо*Дар баъзе нусхаҳои қадима «Исои Масеҳ» омадааст. хоҳиш ва илтиҷо мекунем, чи тавре ки мо таълим додем, зиндагиро давом диҳед, то ки ба Худо писанд оед. Шумо аллакай ҳамин тарз рафтор мекунед, вале кӯшиш намоед, ки аз ин ҳам беҳтар зиндагӣ кунед. 2 Зеро шумо медонед, ки бо қудрати Худованд Исо чӣ гуна таълимотро ба шумо додаем. 3 Худо мехоҳад, ки шумо худро пурра ба Ӯ бахшида, аз бадахлоқии ҷинсӣ худро нигоҳ доред. 4 Хости Худо ин аст, ки ҳар яки шумо ҷисму хоҳишҳои худро идора карда, беайб ва бономус бошед. 5 Боз Худо мехоҳад мисли беимононе, ки Ӯро намешиносанд, пойбанди ҳавасҳои ҷинсӣ набошед. 6 Инчунин мувофиқи хости Худо шумо набояд аз боварии бародаратон сӯиистифода карда, бо зани вай ҳамхоба шавед. Мо пештар ҳам инро ба шумо қатъиян гуфта ва огоҳ карда будем, ки барои ҳамаи ин гуноҳҳо Худо аз одам қасос мегирад. 7 Чунки Ӯ моро на ба нопокӣ, балки ба ҳаёти пок даъват кардааст. 8 Инак, касе ки аз фармудаҳои Худо саркашӣ мекунад, на одамро, балки Худоеро, ки ба шумо Рӯҳи Муқаддасро медиҳад, рад мекунад.
9 Оид ба хусуси бародардӯстӣ ҳоҷат ба сухан нест, чунки худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред. 10 Бале, шумо ҳамаи имондоронеро, ки дар саросари вилояти Мақдуния ҳастанд, дӯст медоред. Ба ҳар ҳол, хоҳиш мекунем, ки якдигарро боз зиёдтар дӯст доред. 11 Чи тавре ки фармуда будем, оромона зиндагӣ кунед, ҳар кас бо кори худ машғул шуда, бо дастонаш меҳнат кунад. 12 Чунон зиндагӣ кунед, ки ҳаёти шумо сазовори ҳурмати беимонон бошад, то ки шумо аз дигарон вобаста набошед.
Ҳангоми бозгашти Масеҳ чӣ рӯй медиҳад
13 Эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи гузаштагон бехабар монда, ба монанди беимононе, ки умед надоранд, ғамгин бошед. 14 Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ мурда зинда шуд ва инчунин бовар мекунем, ки Худо касонеро, ки ба Исои Масеҳ имон доштанду аз олам гузаштаанд, ба назди Ӯ ба осмон мебарад. 15 Мувофиқи суханони Худованд ба шумо мегӯем: мо, ки то бозгаши Худованд зинда мемонем, аз имондорони гузашта, ҳаргиз пеш намеравем. 16 Зеро худи Худованд аз осмон бо фармони қатъӣ, бо овози сарфариштаву карнайи Худо фуруд меояд ва аввал онҳое, ки ба Масеҳ имон доштанду мурдан зинда мешаванд. 17 Сипас мо, зиндаҳои боқимонда, ҳамроҳи онҳо дар абре ба ҳаво, ба пешвози Худованд боло мешавем ва то абад бо Ӯ мемонем. 18 Бо ин суханон якдигарро рӯҳбаланд кунед.