Номаи дуюми
Юҳанно
Пешгуфтор
1
1-2 Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба хонуме, ки Худо интихоб кардааст, ва фарзандони вай, ки ба ростӣ дӯсташон медорам. Мо ҳарду ҳамон як ростиро дӯст медорем, ки он дар мо ҳоло мебошад ва то абад бо мо мемонад. На фақат ман шуморо дӯст медорам, балки ҳамаи онҳое ҳам, ки ростиро мешиносанд. 3 Бигзор файзу раҳмат ва сулҳу осоиштагӣ аз ҷониби Худо-Падар ва Исои Масеҳ*Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ва Худованд Исои Масеҳ» омадааст., Писари Падар бо мо†Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «шумо» омадааст., ки ростиро медонем ва якдигарро дӯст медорем, бошад.
Фармони аз аввалбудаи Худо
4 Аз фаҳмидани он, ки баъзе фарзандони шумо мувофиқи фармоиши Падар дар роҳи ростӣ зиндагӣ мекунанд, бениҳоят хурсанд шудам. 5 Ҳоло ҳам, хонуми мӯҳтарам, ба шумо на фармони нав, балки ҳамонеро, ки аз аввал доштем, менависам ва хоҳиш мекунам, ки ҳамаамон якдигарро дӯст дорем. 6 Муҳаббат бошад, дар ин аст, ки мо ба фармонҳои Худо итоат намуда, зиндагӣ кунем. Фармони Ӯ ҳамонест, ки аз аввал шунидаед, яъне бо роҳи муҳаббат равед.
Аз фиребгарон эҳтиёт шудан
7 Дар ҷаҳон бисёр фиребгарон баромадаанд, ки дар ҷисм омадани Исои Масеҳро‡Яҳудиён мунтазир буданд, ки Таъиншудаи Худо аз байни инсон мебарояд, вале Худо Писари худро ҳамчун Таъиншудаи худ фиристод. Ин Исои Масеҳ буд, ки гарчанде Худо буд, лекин ба замин инсон шуда омад. Барои бисёр касон ба ин бовар кардан мушкил буд, бинобар ин онҳо рад мекарданд, ки Худо ба ҷаҳон ба монанди инсон омадааст. қабул намекунанд. Ин хел одамон фиребгар ва душмани Масеҳ ҳастанд. 8 Эҳтиёт шавед, то чизеро, ки барояш заҳмат кашидаем§Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «заҳмат кашидаед» омадааст., аз даст надиҳед. Баръакс ба мукофоти пурра ноил гардед. 9 Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад. 10 Агар касе пеши шумо ояду ин таълимотро наоварад, ӯро ба хонаатон роҳ надиҳед ва қабул накунед. 11 Зеро касе, ки ӯро қабул мекунад, шарики корҳои бади ӯ мегардад.
12 Боз чизи зиёд ба шумо гуфтанӣ ҳастам, вале бар ивази истифода бурдани коғазу ранг, умедворам, ки шуморо хабар гирифта чашм ба чашм сӯҳбат кунем, то ки шодиамон лабрез гардад.
13 Фарзандони хоҳари интихобшудаат салом мегӯянд*Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дар охири ҷумла «омин» омадааст..
*1:3 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ва Худованд Исои Масеҳ» омадааст.
†1:3 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «шумо» омадааст.
‡1:7 Яҳудиён мунтазир буданд, ки Таъиншудаи Худо аз байни инсон мебарояд, вале Худо Писари худро ҳамчун Таъиншудаи худ фиристод. Ин Исои Масеҳ буд, ки гарчанде Худо буд, лекин ба замин инсон шуда омад. Барои бисёр касон ба ин бовар кардан мушкил буд, бинобар ин онҳо рад мекарданд, ки Худо ба ҷаҳон ба монанди инсон омадааст.
§1:8 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «заҳмат кашидаед» омадааст.
*1:13 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дар охири ҷумла «омин» омадааст.