5
Эстер шоҳ ва Ҳаманро ба зиёфати якум даъват мекунад
Дар рӯзи сеюми рӯзадорӣ малика Эстер либосҳои шоҳонаашро пӯшид. Ӯ ба қисми дарунии қаср, ки дар рӯ ба рӯйи толори подшоҳ буд, даромада, истод. Подшоҳ дар толори шоҳона бар тахти шоҳӣ менишаст ва тахти ӯ дар рӯ ба рӯйи даромадгоҳ буд. Вақте дид, ки малика дар қисми дарунӣ истодааст, ба назараш писанд афтод. Шоҳ асои тиллоияшро дароз карду Эстер омада, дасташро ба нӯги он расонд.
«Чӣ шуд, малика Эстер? Чӣ ҳодиса рӯй дод? Хоҳиши ту чист? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
«Агар подшоҳ хоҳад, имрӯз бо Ҳаман ба зиёфате, ки ман барои шоҳ тайёр кардаам, биёянд».
Шоҳ ба хизматгоронаш гуфт: «Ҳаманро зуд рафта, биёред, то ки хоҳиши Эстерро иҷро намоем». Ҳамин тавр, шоҳ ва Ҳаман ба зиёфати малика Эстер рафтанд. Вақте ки онҳо май менӯшиданд, шоҳ аз Эстер боз як бори дигар пурсид: «Хоҳишат чист? Он иҷро хоҳад шуд. Чӣ дархосте дорӣ? Ҳатто агар то нисфи подшоҳиямро талаб кунӣ, ба ту медиҳам».
Эстер ҷавоб дод: «Хоҳиш ва дархости ман ин аст: агар ба назари подшоҳ писанд ояду хоҳад, ки хоҳишамро қонеъ ва дархостамро иҷро намояд, бигзор шоҳ ва Ҳаман боз ба зиёфати дигар биёянд, ки ман барои онҳо пагоҳ тайёр мекунам. Ҳангоми он зиёфат хоҳишамро ба подшоҳ хоҳам гуфт».
Ҳаман барои куштани Мордахай нақша мекашад
Ҳамон рӯз Ҳаман хушҳолу хурсанд шуда, баромада рафт. Ҳангоми баромадан Мордахайро дар дарбор дида, пай бурд, ки ӯ ба ҳурмати вай аз ҷояш намехезад*Дар матни аслии забони ибрӣ нахесту наларзид омадааст.. Ҳаман аз муносибати Мордахай сахт ба ғазаб омад. 10 Ба ҳар ҳол вай базӯр худро дошта, ба хона рафт.
Дар хона занаш — Зареш ва дӯстонашро ҷамъ оварда, 11 ба онҳо аз бойигарии бузурги худ ва писарони бисёраш худнамоӣ мекард. Инчунин аз он ки чӣ қадар шоҳ ӯро бузург гардонду аз мансабдорон ва дарбориёни дигар баланд гузошт, худситоӣ менамуд. 12 «Ва на танҳо ин, — илова намуд ӯ. — Ман ягона одаме мебошам, ки малика Эстер барои шоҳро дар зиёфаташ ҳамроҳӣ намудан даъват кард. Пагоҳ вай ману шоҳро боз даъват намудааст. 13 Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин, фақат дар он вақт қаноатманд мешавам, ки дигар Мордахайи яҳудиро дар дарбор набинам».
14 Занаш Зареш ва ҳамаи дӯстонаш ба вай маслиҳат доданд: «Фармон бидеҳ, ки як дори бисту се метрДар матни аслии забони ибрӣ 50 зироъ. «Зироъ» яке аз воҳидҳои ченкунии қадим буд, ки як зироъ тақрибан ба ним метр баробар буд. баланд бисозанду пагоҳ саҳар аз подшоҳ хоҳиш кун, ки Мордахайро дар он овезанд. Сипас ҳамроҳи шоҳ хушу хурсандона ба зиёфат бирав». Ҳаман пешниҳодро маъқул карда, фармон дод, ки дорро тайёр кунанд.

*5:9 Дар матни аслии забони ибрӣ нахесту наларзид омадааст.

5:14 Дар матни аслии забони ибрӣ 50 зироъ. «Зироъ» яке аз воҳидҳои ченкунии қадим буд, ки як зироъ тақрибан ба ним метр баробар буд.