3
Сӯҳбати Исо бо Ниқодимус
Дар байни роҳбарони қавми яҳудӣ аз фирқаи фарисиён Ниқодимус ном марде буд. Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Шумо аз тарафи Худо фиристодашуда ҳастед. Чунки, агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин мӯъҷизаҳоеро, ки Шумо нишон додаед, ба амал оварда наметавонад». Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту рост мегӯям, то касе аз нав таваллуд наёбад, ҳаргиз подшоҳии Худоро дида наметавонад». «Чӣ тавр одами солхӯрда аз нав таваллуд ёфта метавонад? — пурсид аз Ӯ Ниқодимус. — Магар ӯ метавонад ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд шавад?»
Исо ҷавоб дод: «Ба ту рост мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд нашавад, ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонад. Он чӣ аз ҷисм таваллуд мешавад, ҷисм аст ва он чӣ аз Рӯҳ таваллуд мешавад, рӯҳ аст. Аз он ки ба ту „Шумо бояд аз нав таваллуд ёбед“ гуфтам ҳайрон нашав. Бод*3:8 Ин калима дар забони юнонӣ ҳам бод ва ҳам рӯҳро мефаҳмонад. ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад». Ниқодимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?»
10 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ? 11 Ба ту рост мегӯям, Ман чизи медонистагиамро мегӯям ва дар бораи чизи дидагиам шоҳидӣ медиҳам, аммо шумо шаҳодати Маро қабул намекунед. 12 Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас, вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед? 13 Ғайр аз Фарзанди Инсон, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.
14 Чӣ тавре ки Мӯсо дар биёбон морро боло бардошта буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон ҳам бояд боло бардошта шавад, 15 то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ ёбад. 16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад. 17 Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18 Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст. 19 Ана ҳукм аз чӣ иборат аст: равшанӣ ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз рӯшноӣ зиёдтар дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст. 20 Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз равшанӣ нафрат дорад ва барои он ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд, ба сӯи рӯшноӣ намеояд. 21 Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи рӯшноӣ меояд, то корҳои бо ёрии Худо кардааш ошкор шаванд».
Исо ва Яҳё
22 Баъд аз он Исо бо шогирдони худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид дод.
23 Яҳё бошад, ин вақт дар Энони наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд. 24 Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
25 Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар бораи расму таомули покшавӣ баҳс барпо шуд. 26 Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо шумо буд ва шумо дар борааш шаҳодат дода будед, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!» 27 Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ бахшида шудааст. 28 Шумо худатон тасдиқ карда метавонед, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам“ гуфта будам, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам. 29 Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд. 30 Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.
31 Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо, касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32 Ӯ дар бораи он чӣ худ дидаасту шунидааст, шоҳидӣ медиҳад, аммо шоҳидии Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад. 33 Вале ҳар кас ки шоҳидии Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст. 34 Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро бе меъёр мебахшад. 35 Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст. 36 Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».

*3:8 3:8 Ин калима дар забони юнонӣ ҳам бод ва ҳам рӯҳро мефаҳмонад.