6
Сер кардани панҷ ҳазор кас
Баъд аз ин Исо ба соҳили дигари кӯли Ҷалил, ки баҳри Табария низ номида мешавад, равона шуд. Аз паси Ӯ мардуми бисёре рафтанд, зеро онҳо мӯъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон диданд. Исо ба болои кӯҳ баромада, ҳамроҳи шогирдонаш дар ҳамон ҷо нишаст. Айёми ҷашнгирии иди Балогардони яҳудиён наздик омада буд. Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?» Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда ин суханонро гуфт. Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ақаллан яклуқмагӣ намерасад».
Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъӯни Петрус буд, ба Исо гуфт: «Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?» 10 «Ба мардум гӯед, ки бишинанд», — гуфт Исо. Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд. 11 Исо нонро гирифта дуои шукрона хонду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод. 12 Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад». 13 Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавро, ки аз хӯрандаҳо боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14 Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!» 15 Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, танҳо ба кӯҳ баромад.
Дар рӯи об роҳ гаштани Исо
16 Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд 17 ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд. 18 Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад. 19 Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. 20 «Натарсед, ин Манам!» — гуфт ба онҳо Исо. 21 Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд, вале қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.
Исо нони ҳаёт аст
22 Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд. 23 Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд нон хӯрда буданд.
24 Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд. 25 Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?» 26 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед! 27 На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».
28 Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?» 29 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред». 30 Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ? 31 Аҷдодони мо дар биёбон нони манна*6:31 Ин хӯрокест, ки Худо ба халқи Исроил аз осмон медод, вақте ки онҳо аз ғуломии Миср баромада, дар биёбон буданд (ниг. китоби Хуруҷ 16:13–19). хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод». 32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад. 33 Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». 34 «Хоҷаам, — гуфтанд онҳо, — ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд. 36 Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед. 37 Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд. 38 Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам. 39 Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам. 40 Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
41 Он гоҳ дар байни мардум барои он ғавғо бархост, ки Ӯ «Ман нонам, ки аз осмон фаромадаам» гуфт. 42 Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?» 43 «Байни худ ғур-ғур накунед!» — дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо. 44 «То Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунонад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва ҷалбшударо дар рӯзи қиёмат Ман зинда хоҳам кард. 45 Дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд. 46 Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз пеши Худо омадааст, Падарро дидааст. 47 Ба шумо рост мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.
48 Ман нони ҳаёт ҳастам. 49 Аҷдодони шумо дар биёбон хӯроки маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. 50 Аммо ноне, ки аз осмон мефурояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад. 51 Ман он нони ҳаётам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».
52 Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин шахс чӣ тавр бадани худро барои хӯрдани мо дода метавонад?!» 53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки агар бадани Фарзанди Инсонро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед. 54 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ меёбад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард. 55 Зеро бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқист. 56 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ. 57 Чунон ки Маро Падар фиристод, ки Ӯ худ сарчашмаи ҳаёт аст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамчунин, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад. 58 Ин аст ноне, ки аз осмон поён фаромад. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд». 59 Ин суханонро Исо ҳангоми дар ибодатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш гуфт.
Калом дар бораи ҳаёти абадӣ
60 Бисёре аз шогирдон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин таълимоти вазнин аст! Кӣ онро қабул карда метавонад?» 61 Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш ғур-ғур карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар ин шуморо аз роҳ мезанад? 62 Пас, агар шумо ба ҷои аввалаи худ боло баромадани Фарзанди Инсонро медидед, чӣ кор мекардед? 63 Ҳаётро Рӯҳ мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд. 64 Аммо дар байни шумо шахсоне ҳам ҳастанд, ки имон намеоваранд». (Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад). 65 Ӯ давом дода гуфт: «Аз ин рӯ ба шумо гуфтам, ки фақат он кас назди Ман омада метавонад, ки Падар ба ӯ ихтиёри омаданро дода бошад».
66 Баъд аз ин бисёри шогирдонаш аз Ӯ рӯй гардонданду дигар ҳамроҳи Ӯ нарафтанд. 67 Пас, Исо аз он дувоздаҳ шогирдаш пурсид: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?» 68 «Эй Худованд, — ҷавоб дод ба Ӯ Шимъӯни Петрус, — мо ба назди кӣ меравем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они туанд. 69 Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Ту Шахси Муқаддаси Худо ҳастӣ». 70 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале як нафар аз байни шумо шайтон аст!»
71 Ӯ инро дар бораи Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш мегуфт, ки дар оянда ба Исо хиёнат кард.

*6:31 6:31 Ин хӯрокест, ки Худо ба халқи Исроил аз осмон медод, вақте ки онҳо аз ғуломии Миср баромада, дар биёбон буданд (ниг. китоби Хуруҷ 16:13–19).