5
Интихоби шогирдони аввал
1 Як рӯз Исо дар канори кӯли Ҷинесор меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд. 2 Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили кӯл гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳои моҳидориро мешустанд. 3 Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъӯн буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод. 4 Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед». 5 Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем». 6 Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон канда шаванд. 7 Пас, Шимъӯн ва рафиқонаш ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.
8 Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам». 9 Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд. 10 Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард».
11 Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.
Шифо ёфтани марди махав
12 Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марди гирифтори касалии махав буд. Он махав Исоро дида, сар ба пои Ӯ ниҳоду илтимос кард: «Худовандо, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». 13 Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд.
14 Баъд Исо ба ӯ таъкид карда гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». 15 Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд. Барои шифо ёфтан аз бемориҳо ва шунидани сухани Ӯ шумораи зиёди мардум дар атрофи Исо ҷамъ меомаданд.
16 Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷои хилват мерафт.
Шифо ёфтани марди шал
17 Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. 18 Ҳамин вақт чанд нафаре марди шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд, 19 вале аз сабаби бисёр будани мардум барои даровардани ӯ роҳе наёфтанд. Бинобар ин ба болои хона баромада, аз миёни сафолҳои бом шалро бо ҷойгаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд. 20 Исо имони онҳоро дида, ба он шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
21 Вале шариатдонону фарисиён ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки суханони кофирона мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?» 22 Исо бошад, аз фикри онҳо дарак ёфта ҷавоб дод: «Чаро дар дилҳоятон чунин фикрҳо доред? 23 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“? 24 Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав». 25 Он мард дар пеши ҳама дарҳол аз ҷояш бархест ва ҷойгаҳашро, ки дар рӯи он хобида буд, бардошта, Худоро шукргӯён ба хонааш равона шуд.
26 Ҳама ба ҳайрат афтода, Худоро ситоиш мекарданд ва дар ҳолате, ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибро дидем».
Даъват шудани Левӣ
27 Баъд аз ин Исо берун рафт ва Левӣ ном андозгиреро дид, ки дар ҷои кораш нишаста буд. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав». 28 Левӣ бархест ва ҳама чизашро монда, аз паси Ӯ равона шуд.
29 Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва одамони дигар ҳамроҳашон дар гирди як дастархон менишастанд. 30 Фарисиён ва шариатдонон ба шогирдони Исо шикоят карда мегуфтанд: «Чаро шумо ҳамроҳи андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон мехӯреду менӯшед?» 31 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд. 32 Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям».
Савол дар бораи рӯза
33 Ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Шумо мехӯранд ва менӯшанд?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Оё метавонед дӯстони домодро, модоме ки ӯ бо онҳост, маҷбур созед, ки рӯза бигиранд? 35 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд».
36 Баъд ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас аз ҷомаи нав пораеро канда, ҷомаи кӯҳнаро ямоқ намекунад, чунки ҳам ҷомаи нав ҳайф мешавад ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд. 37 Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чунки шароб меҷӯшаду машкро дарронда, ҳам худ мерезад ва ҳам машк бекора мешавад. 38 Пас, шароби нав бояд ба машки нав рехта шавад. 39 Ҳеҷ кас баъд аз нӯшидани шароби кӯҳна шароби навро талаб намекунад, зеро мегӯяд, ки шароби кӯҳна хуб аст».