8
Занҳое, ки пайрави Исо буданд
Баъд аз ин Исо шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гашта, ба мардум хабари хуши подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд ва якчанд зан, ки аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуду аз ӯ ҳафт дев берун рафта буд. Дигаре Юҳона буд, ки шавҳараш Кузо ном дошту дар дарбори Ҳиродус вазифаи назоратчиро иҷро мекард. Ҳамчунин Сусан ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.
Масал дар бораи деҳқон
Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт: «Рӯзе як деҳқон барои киштани донаҳои худ мебарояд. Вақте ки дона мепошад, миқдоре аз онҳо ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзанд, вале аз беобӣ хушк мешаванд. Боз як миқдори донаҳо ба миёни хорҳо афтода месабзанд, вале хорҳо қад кашида онҳоро пахш мекунанд. Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтанд, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон
Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд 10 ва Ӯ гуфт: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки
„онҳо нигоҳ кунанду набинанд,
гӯш кунанду нашунаванд“.
11 Маънои масал ин аст: дона — каломи Худост. 12 Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале иблис онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд. 13 Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, онро бо шодӣ қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш зуд аз имони худ мегарданд. 14 Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишу бойигарӣ ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд. 15 Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода онҳоянд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили неку самимиашон нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар ба бор меоваранд.
Масал дар бораи чароғ
16 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо косае намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мегузорад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад. 17 Зеро ҳеҷ чизи махфие нест, ки ошкор нашавад ва чизи пинҳоне нест, ки маълум ва равшан нагардад. 18 Пас, аҳамият диҳед, ки суханони Маро чӣ хел гӯш мекунед, зеро ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз зиёд дода мешавад, аммо аз он касе, ки надорад, ҳатто он чизе, ки ба гумони худ дорад, аз вай кашида гирифта мешавад».
Модар ва бародарони Исо
19 Ҳамин вақт модару бародарони Исо ба наздаш омаданд, аммо аз сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. 20 Ба Исо гуфтанд: «Модар ва бародаронатон дар берун истодаанду мехоҳанд Шуморо бубинанд». 21 Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро ба ҷо меоранд».
Ором шудани тӯфон
22 Рӯзе аз рӯзҳо Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда ба онҳо гуфт: «Биёед, ба он тарафи кӯл мегузарем». Онҳо равон шуданду 23 дар аснои роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ дар кӯл тӯфони сахте бархест ва қаиқ аз об пур мешуду ҷони одамон дар хатар мемонд. 24 Шогирдон пеши Исо омада, бо суханони «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯро бедор карданд. Ӯ аз хоб хеста, боду мавҷҳои пурталотумро таъна зад, баъд тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. 25 Сипас Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки ҳатто ба боду об фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
Шифо ёфтани марди девона
26 Баъд аз ин онҳо ба сарзамини Ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд. 27 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр вохӯрд, ки гирифтори девҳо буд. Ӯ дер боз дар танаш либос надошт ва на дар хона, балки дар қабрҳо зиндагӣ мекард. 28 Ҳамин ки ӯ Исоро дид, бо доду фиғон ба пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ». 29 Ӯ инро гуфт, чунки Исо аллакай ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта дев чандин бор ба он мард ҳамла меовард ва ҳарчанд девонаро асир намуда, бо занҷиру бандҳо мебастанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва дев ӯро ба биёбон мебурд. 30 Исо аз ӯ пурсид: «Номи ту чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки девҳои бисёре ба даруни он мард дохил шуда буданд. 31 Девҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ҷазо дода, ба чоҳи бепоён нафиристад. 32 Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Девҳо аз Исо хоҳиш карданд, ки ба даруни хукҳо ҷо шаванд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод. 33 Девҳо аз он мард берун шуда, ба даруни хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ давон-давон худро ба кӯл партофта, ғарқ шуд.
34 Хукбонон инро дида гурехтанд ва ҳамаи воқеаро дар шаҳру деҳот овоза карданд.
35 Мардум барои дидани ин воқеа ба назди Исо рафтанд ва омада, мардеро диданд, ки девҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пои Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт. 36 Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани девонаро нақл карданд. 37 Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини Ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд. 38 Марде, ки девҳо аз ӯ берун шуда буданд, илтимос кард, ки Исо ӯро бо худ бубарад. Вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт: 39 «Ба хонаат баргард ва аз чунин кори бузурге, ки Худо дар ҳаққи ту кардааст, нақл кун».
Ӯ рафта дар тамоми шаҳр дар бораи он кори бузурге, ки Исо барояш карда буд, эълон кард.
Шифо ёфтани зан ва аз нав зиндашавии духтар
40 Вақти баргаштани Исо мардуми зиёде, ки Ӯро интизор буданд, ба пешвозаш баромаданд. 41 Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ибодатхона буд, назди Исо омада ба пеши пойҳояш афтид ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биравад, 42 зеро духтари ягонааш, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар бистари марг мехобид. Исо ҳамроҳи Ёир мерафт ва мардуми бисёре аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.
43 Як зан дар давоми дувоздаҳ сол гирифтори касалии хунравӣ буд. Вай тамоми буду шудашро ба табибон сарф кард, вале ҳеҷ кас ӯро шифо дода натавонист. 44 Он зан аз ақиб ба Исо наздик шуду ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд ва ҳамон замон хунравиаш бозмонд. 45 Исо пурсид: «Кӣ ба Ман даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Мардуми зиёде Туро иҳота карда, аз ҳар тараф фишор меоранд». 46 Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт». 47 Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада пеши пои Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт. 48 Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».
49 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, як нафаре аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфт: «Духтаратон гузашт, дигар устодро заҳмат надиҳед». 50 Вале Исо инро шунида, гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ шифо меёбад». 51 Вақте ки Исо ба назди хонаи Ёир омада расид, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Ёқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. 52 Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, балки хобидааст». 53 Одамон писханде намуданд, зеро аниқ медонистанд, ки духтар мурдааст. 54 Аммо Исо дасти духтарро гирифта гуфт: «Эй духтарак, бархез!» 55 Вай аз нав зинда шуд ва зуд аз ҷояш бархест. Исо фармуд, ки ба ӯ хӯрок диҳанд. 56 Падару модари вай дар ҳайрат монданд, Исо бошад, ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд.