10
Ҳафтод шогирдашро фиристодани Исо
Баъд аз ин Худованд боз ҳафтод*10:1 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ҳафтоду ду» омадааст. нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳосили дарав фаровон аст, вале коргарон намерасанд. Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад.
Биравед! Ҳоло шуморо мисли барра ба байни гургҳо мефиристам. Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзоли иловагӣ нагиреду дар роҳ бо касе дурудароз саломуалейк накунед. Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!“ Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад вагарна, он ба сӯи шумо бармегардад. Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона бимонед ва аз он чи ки доранд, бихӯреду бинӯшед, зеро коргар лоиқи он аст, ки музди корашро бигирад.
Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, бихӯред, беморони он шаҳрро шифо диҳед ва бигӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик омадааст“. 10 Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин бигӯед: 11 „Ҳатто чангу ғубори шаҳри шуморо, ки бар пои мо нишастааст, афшонда ба шумо бармегардонем, вале аниқ бидонед, ки подшоҳии Худо наздик омадааст“. 12 Ба шумо мегӯям, ки дар ҳамон рӯз аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
Шаҳрҳои имон наоварда
13 Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. 14 Бинобар ин дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд. 15 Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. 16 Ҳар кӣ шуморо, шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва ҳар кӣ аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва ҳар кӣ аз Ман рӯй гардонад, аз шахсе рӯй мегардонад, ки Маро фиристодааст».
Бозгашти ҳафтод шогирд
17 Ҳафтод10:17 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ҳафтоду ду» омадааст. нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Худовандо! Бо номи Ту ҳатто девҳо ба мо итоат мекунанд». 18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон барқвор аз осмон ба поён афтод; 19 Ҳоло Ман ба шумо қудратеро додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед ва ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад. 20 Вале на барои он шод бошед, ки рӯҳҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд».
Шодии Исо
21 Худи ҳамон лаҳза Исо аз Рӯҳи Муқаддас пур шуда, бо хушҳолӣ гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падарҷон, ҳокими замину осмон, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пӯшида мондиву ба одамони оддӣ ошкор сохтӣ. Бале, Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.
22 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ҳеҷ кас ғайр аз Падар намедонад, ки Писар кист. Инчунин ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то Падарро барояшон зоҳир кунад, ҳеҷ кас намедонад, ки Падар кист».
23 Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Хушбахтанд чашмоне, ки чизи шумо медидаро мебинанд! 24 Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд».
Масал дар бораи сомарии накӯкор
25 Ҳамин вақт яке аз қонуншиносон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?» 26 Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?» 27 Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушамон дӯст бидорем ва шахсеро, ки наздики мост, мисли худ дӯст бидорем». 28 Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт». 29 Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда ба Исо гуфт: «Пас, шахси наздики ман кист?»
30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Ерусалим ба Ериҳӯ мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Онҳо ӯро ғорат карда хуб заданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. 31 Тасодуфан аз ҳамон роҳ рӯҳоние мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. 32 Ҳамчунин марде аз тоифаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва марди захмдорро дидан замон, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. 33 Вале марди сомарие, ки аз он ҷо савора мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт. 34 Сипас назди ӯ омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд. 35 Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду динор дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар харҷат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам онро ба ту бармегардонам“.
36 Хӯш, ба фикри ту кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, шахси наздик ҳисоб мешавад?» 37 «Он касе, ки ба ӯ раҳм кард», — ҷавоб дод шариатдон. «Пас, бирав ва монанди ӯ рафтор кун», — гуфт Исо.
Марто ва Марям
38 Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае ворид гаштанд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард. 39 Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пои Исо нишаста ба суханони Ӯ гӯш медод. 40 Марто, ки барои меҳмондорӣ намудан бисёр даводав мекард, ба назди Исо омада гуфт: «Хоҷаам! Шумо парвое надоред, ки хоҳарам ҳамаи корро ба сари ман партофтааст? Охир, бигӯед, ки ба ман ёрӣ диҳад». 41 «Марто! Марто! — гуфт ба вай Худованд, — ту ғами бисёр чизҳоро хӯрда, даводав мекунӣ. 42 Вале фақат як чиз лозим аст. Марям қисми хуберо интихоб намудааст ва онро аз ӯ ҳеҷ кас гирифта наметавонад».

*10:1 10:1 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ҳафтоду ду» омадааст.

10:17 10:17 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «ҳафтоду ду» омадааст.