14
Шифо ёфтани марди бемор
1 Боре, дар рӯзи истироҳат Исо барои хӯрдани хӯрок ба хонаи яке аз сардорони фарисиён рафт ва онҳо корҳои Ӯро мушоҳида мекарданд. 2 Дар рӯ ба рӯи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд. 3 Исо ба қонуншиносону фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи истироҳат касеро шифо додан мумкин аст ё не?» 4 Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда шифо бахшиду ҷавоб дод. 5 Сипас ба онҳо гуфт: «Агар бача*14:5 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот омадааст: «хар». ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи истироҳат ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?» 6 Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд.
Таълим дар бораи ҷойталабӣ
7 Исо мушоҳида мекард, чӣ тавр меҳмонон мехостанд ҷойҳои болотарро ишғол кунанд, бинобар ин ба онҳо масалеро гуфт: 8 «Вақте ки ба тӯи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту баобрӯтар аст. 9 Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳардуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки ба поён гузашта шинӣ. 10 Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷои поён бишин, то соҳибхона омада, ба ту бигӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтиромат дар пеши назари ҳамаи онҳое, ки дар гирди дастархон нишастаанд, ба ҷо оварда мешавад. 11 Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд хоҳад шуд».
12 Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои бойи худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд. 13 Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо. 14 Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад».
Масал дар бораи зиёфати калон
15 Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар подшоҳии Худо хӯрок бихӯрад!»
16 Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд. 17 Чун вақти хӯрдани хӯрок расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“. 18 Ҳамин вақт ҳама, яке аз пайи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бубинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед“. 19 Дигаре гуфт: „Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам. Илтимос мекунам, маро бубахшед“. 20 Саввумӣ гуфт: „Ман зан гирифтам, бинобар ин рафта наметавонам“. 21 Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, шалҳо ва нобиноёнро ба ин ҷо биёр“. 22 Хизматгор гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“. 23 Сипас хоҷа ба хизматгор гуфт: „Қад-қади роҳҳои васеъву танг гашта, мардумро ба омадан маҷбур кун, то ки хонаам пур шавад.
24 Ба шумо мегӯям, ҳеҷ нафаре, ки аз аввал даъват шуда буд, мазаи хӯроки идонаи маро нахоҳад чашид“».
Исоро пайравӣ намудан
25 Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре равона буданд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда гуфт: 26 «Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад. 27 Касе, ки салиби азобу маргашро бо худ набардошта аз пайи Ман ояд, шогирди Ман шуда наметавонад. 28 Зеро кӣ аз байни шумо қалъае сохтанӣ мешаваду аввал нишаста харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не? 29 То мабодо баъд аз гузоштани пойдевор он сохтмонро ба охир расонда натавонад ва ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, писханд зада 30 гӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.“ 31 Ҳамчунин подшоҳе низ пеш аз ба ҷанги зидди подшоҳи дигар баромадан, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад, ки оё метавонад бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ӯ меояд, муқобилат нишон диҳад? 32 Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад. 33 Айнан ҳамин тавр ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.
Сифати намак
34 Шумо медонед, ки намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? 35 Он вақт намак барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: на барои замин ва на барои пору. Онро бароварда мепартоянд.
Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»