23
Исо дар ҳузури Пилотус
1 Баъд тамоми аҳли маҷлиси онҳо аз ҷой бархеста, Исоро ба назди Пилотус бурданд 2 ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо аниқ кардем, ки ин одам мардуми моро аз роҳ мезанад. Вай ба император супоридани андозро манъ мекунад ва ҳатто худро Таъиншудаи Худо, Подшоҳ меномад». 3 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Худатон ҳамин тавр мегӯед». 4 Пилотус ба сардорони рӯҳонӣ ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам». 5 Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад».
6 Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?» 7 Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояти дар зердасти Ҳиродус будааст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Ерусалим буд.
Исо дар ҳузури Ҳиродус
8 Ҳиродус Исоро дида, бисёр хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост ва азбаски дар борааш бисёр чизҳоро шунида буд, умед дошт, ки ягон мӯъҷизаи Исоро мебинад. 9 Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ дар ҷавоб ҳеҷ чиз нагуфт. 10 Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бошанд, дар ҷои худ истода бо шиддати хашму ғазаб Ӯро айбдор менамуданд. 11 Ҳиродус бо сарбозонаш Исоро таҳқир ва масхара кард. Баъд ба Ӯ ҷомаи шоҳона пӯшонда, боз ба назди Пилотус фиристод.
12 Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд.
Ба марг маҳкум шудани Исо
13 Пилотус сардорони рӯҳонӣ, роҳбарон ва мардумро даъват карда, 14 ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест. 15 Ҳиродус ҳам дар Ӯ ягон айбе наёфта, Ӯро боз ба назди мо фиристод. Пас ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. 16-17 Ман фармон медиҳам, ки Ӯро қамчинкорӣ карда, баъд ҷавоб диҳанд».*23:16–17 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 17 дохил шудааст: «Ба ӯ лозим ҳам буд, ки ба муносибати ид барои мардум як нафарро аз ҳабс озод намояд». 18 Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Бараббосро озод кунед!» 19 (Бараббос одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд.) 20 Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт. 21 Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!» 22 Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам». 23 Вале онҳо ду пойро ба як мӯза андохта, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо дар салиб мехкӯб карда шавад. Доду фарёди онҳо бар Пилотус ғалаба намуд 24 ва ӯ ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд. 25 Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод намуд. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.
26 Вақте ки сарбозон Исоро ба қатл мебурданд, бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор шуданд, ки аз деҳа омада истода буд. Онҳо ӯро дастгир карда ба болояш салибро бор карданд, ки онро аз ақиби Исо бардошта барад.
27 Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ бо оҳу нола навҳа мекарданд.
28 Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Ерусалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед. 29 Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“. 30 Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пинҳон кунед!“ 31 Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»
32 Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд. 33 Чун ба ҷое расиданд, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, Исоро ба салиб мехкӯб карданд ва он ҷинояткорон низ, яке аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карда шуданд. 34 Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, чун намефаҳманд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас сарбозон бо партофтани қуръа соҳибшавандаи либоси Исоро муайян намуда, онро байни ҳам тақсим карданд.†23:34 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ҷумлаи аввали ояти 34 дохил нашудааст. 35 Мардум рост истода тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Таъиншуда ва интихобшудаи Худо бошад, худро наҷот диҳад!» 36 Сарбозон низ Ӯро таҳқир менамуданд. Онҳо ба Исо наздик мешуданд ва ба Ӯ майи туршшударо дароз карда, 37 мегуфтанд: «Агар Ту Шоҳи Яҳудиён бошӣ, худро наҷот деҳ!» 38 Ба лавҳае, ки болотар аз сари Исо зада шуда буд,‡23:38 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ ва ибронӣ». чунин навиштанд: «Ин Шоҳи Яҳудиён аст».
Имон овардани ҷинояткор
39 Яке аз ҷинояткорони мехкӯбшуда ба сари Исо дод зада гуфт: «Магар Ту Таъиншудаи Худо нестӣ? Охир худату моро ҳам наҷот деҳ!» 40 Вале дуюмин ӯро сарзаниш карда гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем. 41 Вале ҷазои мо аз рӯи адолат аст, зеро чиро сазовор шуда бошем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст». 42 Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки ба подшоҳиат дохил мешавӣ, маро ба ёдат биёр». 43 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».
Марги Исо
44 Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. 45 Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардаи даромади ҷои муқаддастарини Хонаи Худо ба ду қисм пора шуд.
46 Исо бо овози баланд нидо карда гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод.
47 Сардори лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин одам бегуноҳ буд». 48 Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд. 49 Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро медиданд.
Гӯронидани Исо
50-51 Як марди бо номи Юсуф аз шаҳри Аромоти яҳуднишин буд, ки фаро расидани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид. Ӯ шахси хубу накӯкор буд ва гарчанд аъзои шӯро бошад ҳам, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд.
52 Юсуф ба назди Пилотус омада, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. 53 Ӯ онро аз салиб поён фароварда, ба суфи сафед кафанпеч намуду ба қабре гузошт, ки аз санг ба шакли ғор тарошида шуда буд. То ҳол ба он қабр касеро нагузошта буданд.
54 Саршавии рӯзи истироҳат наздик буду мардум ба он тайёрӣ медиданд. 55 Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд. 56 Баъд онҳо ба хонаҳояшон баргашта, атрҳои хушбӯй ва молиданиҳоро тайёр намуданд.
Дар рӯзи истироҳат онҳо мувофиқи қонун истироҳат карданд.
*23:16–17 23:16–17 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 17 дохил шудааст: «Ба ӯ лозим ҳам буд, ки ба муносибати ид барои мардум як нафарро аз ҳабс озод намояд».
†23:34 23:34 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ҷумлаи аввали ояти 34 дохил нашудааст.
‡23:38 23:38 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ ва ибронӣ».