2
Аз сарзамини Шарқ омадани ситорашиносон
Исо дар замони ҳукмронии подшоҳ Ҳиродус, дар деҳаи Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия ба дунё омад. Баъд аз таваллуди Ӯ якчанд ситорашиносон аз сарзамини Шарқ ба шаҳри Ерусалим омада, пурсиданд: «Куҷост он кӯдаки навзоде, ки Шоҳи Яҳудиён мешавад? Мо дидем, чӣ хел ситораи Ӯ аз тарафи шарқ баромад ва омадем, то ки ба Ӯ саҷда кунем».
Ҳангоме ки подшоҳ Ҳиродус ин суханонро шунид, безобита шуд ва баробари ӯ тамоми сокинони Ерусалим ҳам ошуфта гаштанд. Он гоҳ Ҳиродус ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва шариатдононро наздаш хонда, аз онҳо пурсид: «Таъиншудаи Худо дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Дар Байт-Лаҳми ноҳияи Яҳудия, чунки дар яке аз китобҳои пайғамбарон чунин навишта шудааст:
„Эй Байт-Лаҳм, ки дар вилояти Яҳудия ҳастӣ,
ту аз дигар шаҳрҳои бузурги Яҳудия ҳеҷ камӣ надорӣ,
зеро аз байни зодаҳои ту сарваре мебарояд,
ки барои халқи Исроили Ман монанди чӯпон мешавад“».
Сипас, Ҳиродус ситорашиносонро даъват намуда, бо онҳо танҳо ба танҳо сӯҳбат кард. Ҳангоми сӯҳбат аз онҳо вақти аниқи пайдошавии он ситораро фаҳмида гирифт. Баъд онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда гуфт: «Биравед ва дар бораи он кӯдак бодиққат пурсуҷӯ кунед. Ҳамин ки Ӯро ёфтед, маро низ огоҳ созед, то ки ман ҳам рафта ба Ӯ саҷда кунам».
Баъд аз сӯҳбат бо шоҳ ситорашиносон аз он ҷо ба сафар баромаданд. Дар аснои роҳ онҳо боз ҳамон ситораро диданд, ки аз тарафи шарқ баромада буд. Ситора пешопеши онҳо мерафт ва оқибат дар болои он ҷое, ки кӯдак буд, бозистод. 10 Аз барои ин ситора шодии онҳо ҳадду каноре надошт.
11 Ситорашиносон ба хона даромаданд ва кӯдакро ҳамроҳи модараш Марям дидан замон таъзим намуда, ба кӯдак саҷда карданд. Онҳо тӯҳфаҳои арзандаро, ки аз тилло, атри қиматбаҳо ва ширеши хушбӯй барои дудкарданӣ иборат буданд, аз сандуқҳояшон гирифта ба Ӯ ҳадя намуданд.
12 Дар хобашон бошад, Худо огоҳ кард, ки назди Ҳиродус барнагарданд, аз ин рӯ онҳо бо дигар роҳ ба ватанашон баргаштанд.
Фирор ба Миср
13 Баъд аз рафтани ситорашиносон фариштаи Худованд дар хоби Юсуф зоҳир шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф! Бархезу кӯдак ва модарашро гирифта, ба Миср бигурез. То вақте ки ба ту баро нагӯям, дар ҳамон ҷо бимон. Чунки Ҳиродус бо нияти куштан кӯдакро кофтуков мекунад».
14 Юсуф аз хоб бедор шуда, кӯдак ва занашро гирифта, дар бевақтии шаб ба Миср раҳсипор мешавад. 15 Дар он ҷо онҳо то вафоти Ҳиродус мемонанд. Худованд пештар ба забони пайғамбар гуфта буд, ки «Ман аз Миср Писарамро ҷеғ задам». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо ҳамаи ин ҳодиса рӯй дод.
Куштори кӯдакон
16 Вақте Ҳиродус фаҳмид, ки ситорашиносон ӯро фиреб доданд, сахт хашмгин шуд ва фармон дод, ки дар Байт-Лаҳм ва атрофи он ҳамаи писарбачаҳои синни дусола ва аз дусола поёнро кушанд. Чунки аз ситорашиносон вақти пайдошавии ситораро дониста буд.
17 Ҳамин тавр он чи Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ба амал омад:
18 «Садое дар шаҳри Ромо ба гӯш мерасад,
Ки садои гиряву фиғон аст.
Роҳел барои фарзандонаш мегиряд
ва тасаллӣ ёфта наметавонад,
азбаски онҳо мурдаанд*2:18 Роҳел модари халқи Исроил ҳисоб мешавад. Баъд аз вафоташ ӯро дар шаҳри Ромо, назди деҳаи Байт-Лаҳм гӯронида буданд.».
Бозгашт аз Миср
19 Вақте ки Ҳиродус аз олам чашм пӯшид, фариштаи Худованд дар Миср ба хоби Юсуф даромад 20 ва гуфт: «Эй Юсуф! Бархез, кӯдак ва модари Вайро гирифта, ба сарзамини Исроил баргард, зеро касоне, ки Ӯро куштанӣ буданд, мурданд».
21 Инак, Юсуф бархеста, кӯдак ва модари Вайро гирифт ва ба Исроил баргашт. 22 Лекин ӯ шунид, ки дар Яҳудия ба ҷои Ҳиродус писараш Аркилоус подшоҳӣ мекунад ва тарсид, ки ба он ҷо биравад. Баъд дар хобаш аён шуд, ки он ҷо наравад, бинобар ин онҳо роҳи вилояти Ҷалилро пеш гирифтанд. 23 Пайғамбарон аллакай дар бораи Масеҳ пешгӯӣ карда гуфта буданд, ки «Ӯро Носирӣ хоҳанд номид». Ана барои иҷро шудани ин гуфтаҳо Юсуф бо оилааш дар шаҳри Носира сокин шуд.

*2:18 2:18 Роҳел модари халқи Исроил ҳисоб мешавад. Баъд аз вафоташ ӯро дар шаҳри Ромо, назди деҳаи Байт-Лаҳм гӯронида буданд.