13
Масал дар бораи деҳқон
Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромаду барои таълим додани мардум сӯи кӯл рафт. Аммо дар гирдаш чунон одамони зиёд ҷамъ омаданд, ки Ӯ халқро дар соҳил монда, худаш ба қаиқе савор шуд. Исо ба онҳо бисёр чизҳоро бо масалҳо нақл карда мегуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд. Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд. Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин онҳо зуд месабзанд. Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад. Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд. Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд».
Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
Сабаби нақл кардани масалҳо
10 Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Шумо мардумро бо масалҳо таълим медиҳед?» 11 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд. 12 Чунки ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ва аз ҳад зиёд дода мешавад, аммо касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад. 13 Ана барои чӣ Ман ба онҳо бо масалҳо нақл мекунам: онҳо дида метавонанду намебинанд, шунида метавонанд, вале на мешунаванду на мефаҳманд. 14-15  Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд:
„Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд;
ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд,
чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд,
гӯшҳояшон мадори шунидан надоранд
ва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд.
Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида,
гӯшҳояшон шунида
ва ақлашон дарк карда метавонист.
Он гоҳ онҳо сӯи Ман — Худо рӯй меоварданд,
то ки Ман онҳоро шифо диҳам“.
Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
16 Шумо бошед, хушбахт ҳастед, чунки чашмонатон дида ва гӯшҳоятон шунида метавонанд. 17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва накӯкорон дар орзуи дидан ва шунидани он чи, ки шумо мебинед ва мешунавед, буданд. Вале онҳо на диданду на шуниданд.
Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон
18 Хуб, маънои масалро дар бораи деҳқон гӯш кунед. 19 Ба пайраҳа афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро дар бораи подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шахси Бад омада каломи ба дили онҳо кошташударо кашида мегирад. 20 Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд. 21 Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд. 22 Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи бойигарӣ каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад. 23 Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Ана онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самара медиҳанд».
Масал дар бораи алафи бегона
24 Ӯ боз дигар масалро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе ба заминаш донаҳои киштбобро мекорад. 25 Лекин, вақте ки ҳама хоб мераванд, душман меояду дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад. 26 Сипас, баробари сабзидаву сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад. 27 Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“ 28 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“ 29 „Не, — мегӯяд соҳиби киштзор, — чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. 30 Бигзор, то вақти ҳосилғундорӣ ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Баъд ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, сонӣ гандумро даравида, ба анборам ҷамъ кунанд“».
Масалҳо дар бораи донаи хардал ва хамиртуруш
31 Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе донаи хардалро гирифта, дар замини худ мекорад. 32 Ин дона аз ҳамаи донаҳои дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи гиёҳҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва паррандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд».
33 Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худоро боз чунин тасвир кардан мумкин: Зане каме хамиртуруш мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».
34 Исо ҳамаи ин чизҳоро фақат бо масалҳо ба мардум нақл кард ва бе масал сухане ҳам ба онҳо нагуфт. 35 Пайғамбаре чунин гуфта буд:
«Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам;
Ман ба онҳо чизҳои аз аввали офариниш пинҳонбударо нақл мекунам».
Барои амалӣ гаштани ин суханон Исо бо масалҳо гап мезад.
Маънидод кардани масал дар бораи алафи бегона
36 Вақте ки Исо мардумро монда, ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад.
37 Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои киштбобро мекорад, Фарзанди Инсон аст; 38 киштзор ин ҷаҳон аст; донаҳои гандум одамони аз они подшоҳии Худо ҳастанд; алафи бегона бошад, одамони аз они Шахси Бад ҳастанд; 39 ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, иблис мебошад. Вақти ҳосилғундорӣ охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд. 40 Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад. 41 Яъне Фарзанди Инсон фариштаҳои худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта 42 ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд.
43 Аммо накӯкорон дар подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
Давоми масалҳо дар бораи подшоҳии Худо
44 Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: рӯзе як мардикор дар саҳро ганҷинаи касе пинҳонкардаро меёбаду онро боз пинҳон мекунад. Аз шодӣ ӯ рафта тамоми дороияшро мефурӯшаду ҳамон саҳроро мехарад.
45 Подшоҳии Худоро боз ин тавр тасвир кардан мумкин: савдогаре марворидҳои зебо мекобаду мекобад 46 ва ҳангоме ки марвориди аҷаб зеборо меёбад, рафта, тамоми молу мулкашро фурӯхта, онро мехарад.
47 Ана масали дигар, ки бо он подшоҳии Худоро тасвир кардан мумкин: якчанд моҳигир тӯрҳои худро ба кӯл мепартоянду ба тӯрашон ҳар гуна моҳиҳо меафтанд. 48 Вақте ки тӯрҳо пур аз моҳӣ мешаванд, моҳигирон онҳоро ба соҳил мекашанду нишаста моҳиҳоро ба нағзу бад ҷудо мекунанд; нағзашро ба сабадҳо меандозанду бадашро мепартоянд.
49 Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни накӯкорон ҷудо мекунанд. 50 Сонӣ одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
Чизҳои нав ва кӯҳна
51 Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем», — ҷавоб доданд онҳо.
52 Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар шариатдоне, ки дар бораи подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз анбори худ чизҳои нав ва кӯҳнаро берун мебарорад».
Аз Исо рӯй гардондани ҳамдиёронаш
53 Исо нақл кардани масалҳоро тамом карду аз он ҷо баромада 54 ба диёраш баргашт. Ӯ дар ибодатхонаи он ҷо таълим медоду онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар ҳикмат дорад-а?» «Қобилияти мӯъҷизакории Ӯ аз куҷо бошад-а? 55 Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд? 56 Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Пас, аз куҷо Ӯ ин ҳикмату ин қудратро дорад?» 57 Инак, онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд.
Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷои дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». 58 Ва аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо кам мӯъҷиза кард.