18
Кӣ аз ҳама бузургтар аст?
Аз мобайн вақти зиёде нагузашта, ба пеши Исо шогирдонаш омада пурсиданд: «Дар подшоҳии Худо кӣ бузургтар аст?»
Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдонаш гузошту ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, то тарзи фикррониатонро тағйир дода, монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба подшоҳии Худо дохил шуда наметавонед. Аз ин рӯ, он кас дар подшоҳии Худо бузургтар аст, ки худро монанди ин бача хоксор мегирад. Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад.
Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз пайравони хурдтарини ба Ман боваркардаро аз роҳи имон занад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд.
Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон!
Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бе як даст ё пой буда, соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду дасту пой дошта бошию ба оташи абадии дӯзах биафтӣ. Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки як чашм дошта бошию соҳиби ҳаёт шавӣ, аз он ки ду чашм дошта бошиву ба оташи дӯзах партофта шавӣ».
Масал дар бораи гӯсфанди гумроҳшуда
10-11  Ӯ суханашро давом дода гуфт: «Эҳтиёт бошед, ки ҳатто бо яке аз пайравони хурдтаринам хунукназарона рафтор накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои нигаҳбони онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур дошта метавонанд.*18:10–11 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Зеро Фарзанди Инсон барои наҷот додани одамони гумроҳшуда омадааст».
12 Фарз кардем, ки як мард сад сар гӯсфанд дораду якеаш аз рама ақиб монда роҳро гум мекунад. Он мард чӣ кор мекунад? Магар наваду нӯҳ гӯсфандро дар теппаҳои чарогоҳ монда ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумроҳшудааш намеравад? 13 Ва баъд аз ёфтанаш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нӯҳ гӯсфанди гумроҳнашуда бештар хурсандӣ мекунад. 14 Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман гумроҳ шавад.
Фармон дар бораи бахшидани бародар
15 Агар ягон бародаратон бар зидди яке аз шумо гуноҳ кунад, ба назди ҳамон бародар рафта, якка ба якка айбашро ба рӯяш гӯед, агар айбашро ба гардан гирад, донед, ки вайро аз нав ҳамчун бародар пайдо кардаед. 16 Вале, агар ба гапатон гӯш надиҳад, рафта як ё ду бародари дигарро ҳамроҳатон биёред, то ҳақ будани суханатон бо ду ё се шоҳид исбот гардад. 17 Агар ба гапи онҳо ҳам гӯш надиҳад, ба ҷамоати имондорон дар ин хусус гӯед. Аммо агар ба гапи тамоми ҷамоат низ гӯш надиҳад, бигзор вай бароятон ҳамчун андозгири беинсофу одами беимон бошад.
18 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо аз осмон онро манъ мекунад ва ба ҳар чӣ, ки иҷозат диҳед, Худо аз осмон ба он иҷозат медиҳад. 19 Боз илова мекунам, агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро иҷро мекунад. 20 Зеро дар ҷое, ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман ҳам дар байни онҳо мешавам».
Масал дар бораи қарздиҳандаи беинсоф
21 Баъдтар Петрус назди Исо омада пурсид: «Худованд, агар бародаре бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд маротиба вайро бахшиданам даркор? Ҳафт маротиба?»
22 «Не, — ҷавоб дод Ӯ. — Ҳафт маротиба нею ҳафтод карат ҳафт маротиба бубахш. 23 Зеро подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: Рӯзе як подшоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ба ҳисоб гирад. 24 Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ маблағи бениҳоят калоне18:24 Дар нусхаи аслӣ «даҳ ҳазор талант» омадааст. Арзиши як талант ба маоши понздаҳсолаи коргар баробар буд. қарздор буд. 25 Азбаски хизматгор аз ӯҳдаи баргардондани қарз баромада наметавонист, шоҳ амр дод, ки ба ҷои товон ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад. 26 Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. 27 Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида ҷавоб дод.
28 Хизматгор бошад, берун баромада ҳамхизматашро дид. Ин ҳамхизматаш аз вай маблағи нисбатан камтаре18:28 Дар нусхаи аслӣ «сад динор» омадааст. Арзиши як динор ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд. қарздор буд. Вай аз гулӯи ҳамхизматаш дошта, ӯро буғӣ карда истода талаб кард, ки қарзашро гардонда диҳад. 29 Ҳамхизматаш худро ба рӯи замин партофта, ба зориву тавалло кардан даромад: „Илтимос, мӯҳлат деҳ ва ман албатта қарзамро бармегардонам“. 30 Аммо хизматгор розӣ нашуда, ҳамхизматашро ба ҳабсхона супорид ва ӯ то қарзро гардонда надиҳад, ҳамон ҷо мемонд. 31 Дигар хизматгорон ин ҳодисаро дида, сахт ранҷиданд ва рафта ба шоҳ буду шуди воқеаро нақл карданд. 32 Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам. 33 Ман ба ту раҳм кардам. Пас, ту ҳам бояд ба ҳамхизматат раҳм мекардӣ“. 34 Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азобашро кашад.
35 Хуллас, Падари осмониам низ то бародаратонро аз самими дил набахшед, бо ҳар яки шумо айнан ҳамин тавр рафтор мекунад».

*18:10–11 18:10–11 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст: «Зеро Фарзанди Инсон барои наҷот додани одамони гумроҳшуда омадааст».

18:24 18:24 Дар нусхаи аслӣ «даҳ ҳазор талант» омадааст. Арзиши як талант ба маоши понздаҳсолаи коргар баробар буд.

18:28 18:28 Дар нусхаи аслӣ «сад динор» омадааст. Арзиши як динор ба маоши якрӯзаи коргар баробар буд.