24
Азобу уқубатҳои дарпешистода
Исо Хонаи Худоро тарк карда, ба роҳ баромада буд, ки шогирдонаш ба наздаш омаданду диққаташро ба биноҳои Хонаи Худо ҷалб карданӣ шуданд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
Ҳангоме ки Исо ба теппаи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Шумову наздикшавии охирзамонро аз кадом нишона мефаҳмем?»
Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад. Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди саршавии дарди зоидан мебошанд.
Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. 10 Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд. 11 Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд. 12 Бадиву разилӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад. 13 Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. 14 Ин хушхабар дар бораи подшоҳии Худо бошад, дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон меояд.
Ифлосии ҳаромкунанда
15 Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд“ ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад). 16 «Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. 17 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона поён нафарояд. 18 Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. 19 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт! 20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи истироҳат рост наояд. 21 Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. 22 Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
23 Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!“ ё „Ӯ ана дар он ҷост!“, бовар накунед. 24 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд, аммо дар асл чунин нестанд. Онҳо ба фиреб додани ҳама ва ҳатто одамоне, ки Худо барои худ интихоб кардааст, кӯшиш карда, мӯъҷизаҳои аҷоибу ғароиб нишон медиҳанд. 25 Ана, Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.
26 Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!“, бовар накунед. 27 Чунки омадани Фарзанди Инсон мисли дурахши барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад.
28 Ҷои ҷасади мурда аз он маълум аст, ки паррандаҳои лошахӯр он ҷо гирд меоянд.
Нишонаи омадани Фарзанди Инсон
29 Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо фавран офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. 30 Он вақт нишонаи омадани Фарзанди Инсон дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯи замин дида гиряву нола мекунанд. 31 Фарзанди Инсон фариштаҳои худро бо садои баланди карнай барои аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷамъ кардани интихобкардагонаш мефиристад.
Масал дар бораи дарахти анҷир
32 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. 33 Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. 34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. 35 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон
36 Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. 37 Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон бошад, айнан ҳамон воқеае рӯй медиҳад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар рӯй дода буд. 38 Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии тӯфон ва обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод. 39 Баъд аз он ҳам одамон аз дунё бехабар буданд, то даме ки тӯфон сар шуду об ҳамаи онҳоро несту нобуд кард. Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон низ чунин ҳодиса рӯй медиҳад. 40 Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 41 Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 42 Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Худовандатонро намедонед. 43 Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, вай тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд. 44 Аз ин рӯ, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки шумо мунтазираш нестед.
Хизматгорони бовафо ва бевафо
45 Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад. 46 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад. 47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд. 48 Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки соҳибаш дер меояд ва 49 хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майзадаҳо машғули хӯрдану нӯшидан мешавад. 50 Ана, дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш баргашта, 51 ин хизматгорро ду пора мекунад ва вай ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, партофта мешавад».