3
Шифо додан дар рӯзи истироҳат
1 Бори дигар Исо ба ибодатхона рафт ва дар он ҷо марди дасташ хушкшудае буд. 2 Баъзе одамон Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё он мардро дар рӯзи истироҳат шифо мебахшад ё не. Агар шифо бахшад, Ӯро айбдор кунанд. 3 Исо ба он марди дасташ хушкшудае гуфт, ки дар назди ҳама рост истад.
4 Сипас ба тарафи онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба фикри шумо дар рӯзи истироҳат чӣ равост: некӣ ё бадӣ кардан; наҷот додани ҷон ё нобуд кардани он?» Аммо онҳо хомӯш буданд. 5 Исо бо ғазаб ба онҳо нигоҳ карду аз якравиашон ғамгин гашт ва ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун!» Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. 6 Фарисиён аз ибодатхона баромада, зуд бо аъзоёни ҳизби ҳиродиён муҳокима карда, нақшаи куштани Исоро кашиданд.
Мардум аз пайи Исо мераванд
7 Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш ба тарафи кӯл равона шуд, мардуми бисёре аз сарзамини Ҷалилу Яҳудия, 8 аз шаҳри Ерусалим, инчунин аз сарзамини Адӯму атрофи дарёи Урдун ва аз Суру Сидун аз паси Ӯ мерафтанд. Мардуми зиёд дар бораи корҳои Исо шунида, ба гирди Ӯ ҷамъ меомаданд. 9 Аз сабаби бисёрии мардум Исо ба шогирдонаш фармуд, ки барояш қаиқе тайёр кунанд, то ки одамон Ӯро пахш накунанд. 10 Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахш мекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд. 11 Рӯҳҳои нопок баробари дидани Ӯ худро дар наздаш ба замин мепартофтанд ва фарёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ!» 12 Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд.
Интихоби дувоздаҳ вакил
13 Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд. 14 Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъин намуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои ба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад 15 ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро дошта бошанд.
16 Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид, 17 Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, 18 Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, Шимъӯни Ватандӯст 19 ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
Тӯҳмат дар ҳаққи Исо
Баъд Исо ба хона рафт. 20 Мардуми зиёде боз ҷамъ омадаанд, ки Ӯ ва шогирдонаш ҳатто фурсати хӯрок хӯрдан наёфтанд. 21 Бо шунидани ин хабар аҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст. 22 Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад».
23 Исо онҳоро ба наздаш даъват карда, бо масал гуфт: «Чӣ тавр шайтон худашро берун карда метавонад? 24 Давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. 25 Хонаводае, ки байни аъзоёнаш ҷудоӣ афтодааст, устувор намемонад. 26 Агар шайтон бар зидди худаш биҷангад ва дар худ ҷудоӣ дошта бошад, устувор намемонад, балки нобуд мешавад.
27 Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси пурзӯр зада даромада, молу мулкашро гирифта барад, то аввал дасту пои шахси пурзӯрро набандад, ана баъд хонаашро ғорат карда метавонад.
28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳе, ки инсон мекунад ва ҳар сухани кофиронае, ки мегӯяд, бахшида мешавад. 29 Вале агар касе бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона гӯяд, ҳаргиз бахшида намешавад ва ин гуноҳаш то абад хоҳад монд». 30 Ин суханонро Исо ба хотири он гуфт, ки баъзеҳо дар борааш «Ӯ дар худ рӯҳи нопок дорад» мегуфтанд.
Модар ва бародарони Исо
31 Он гоҳ модар ва бародарони Исо омада, дар берун истода, шахсеро фиристоданд, ки Ӯро даъват кунад. 32 Исо дар байни мардум нишаста буд, ки онҳо ба Ӯ гуфтанд: «Модар ва бародарону хоҳаронатон дар берун истодаанд ва Шуморо мепурсанд». 33 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Модар ва бародарони Ман кистанд? — 34 ва ба атрофиёнаш нигоҳе карду давом дод, — Ана, инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд. 35 Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».