8
Сер кардани тақрибан чор ҳазор кас
1 Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: 2 «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. 3 Агар онҳоро гурусна ба хонаҳояшон фиристам, дар роҳ аз ҳол мераванд ва баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4 Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?»
5 Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6 Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. 7 Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳо низ байни мардум тақсим шаванд. 8 Мардум хӯрда сер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд. 9 Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод.
10 Баъд якбора Ӯ бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто раҳсипор гашт.
Фарисиён нишона талаб мекунанд
11 Сипас чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки ба онҳо ягон нишонае аз ҷониби Худо диҳад.
12 Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл нишонае талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон нишона дода намешавад».
13 Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари кӯл рафт.
Хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус
14 Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд. 15 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши шоҳ Ҳиродусу фарисиён эҳтиёт кунед».
16 Шогирдон бо якдигар муҳокима карда мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби нон надоштанамон инро гуфт». 17 Вале Исо аз суханони онҳо дарак дошта гуфт: «Чаро муҳокима мекунед, ки нон надоред? Магар то ҳол дарк намекунед ва нафаҳмидед? Ё гарданшах шудаед? 18 Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед? 19 Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».
20 Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад!» 21 Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»
Шифо ёфтани кӯр
22 Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. 23 Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»
24 Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд». 25 Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. 26 Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
Фикри Петрус дар бораи Исо
27 Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳраки Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз шогирдонаш пурсид: «Одамон дар бораи кӣ будани Ман чӣ мегӯянд?»
28 Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Шумо Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастед, дигарон, ки Илёс пайғамбаред, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Шумо яке аз пайғамбарони гузашта ҳастед».
29 Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус гуфт: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо ҳастӣ». 30 Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
Пешгӯйии Исо дар бораи марги худ
31 Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад.
32 Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт, вале Петрус Ӯро ба як сӯ кашида, ба сарзаниш кардан даромад. 33 Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, шайтон! Ту фикри Худоро надорӣ, балки фикри инсонӣ мекунӣ».
34 Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. 35 Ҳар кас, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кас, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, онро нигоҳ медорад. 36 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? 37 Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. 38 Касе, ки дар ин рӯзгори пур аз гуноҳу беимонӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Фарзанди Инсон низ, ҳангоме ки бо шӯҳрату ҷалоли Падараш, ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».