10
Таълими Исо дар бораи талоқ
Исо он ҷоро монда, ба тарафи сарзамини Яҳудия ва қисми шарқии дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард.
Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?»
Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мӯсо дар ин бора чӣ фармудааст?» Ҷавоб доданд: «Мӯсо иҷозат додааст, ки мард талоқномае навишта, аз занаш ҷудо шавад». Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Мӯсо аз сабаби гарданшахии шумо бароятон чунин иҷозатро навишта буд. Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“.
7-8  „Бинобар ин мард аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш мепайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, он чиро ки Худо бо ҳам пайвастааст, инсон набояд ҷудо кунад».
10 Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд. 11 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, нисбат ба ҳамсари аввалааш гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад. 12 Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад».
Исо кӯдаконро баракат медиҳад
13 Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, баракат диҳад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд.
14 Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд ва пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд. 15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад».
16 Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва ба болои сарашон даст гузошта, онҳоро баракат дод.
Марди сарватманд
17 Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
18 Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ғайр аз Худо каси нек нест. 19 Худат фармоиши Худоро медонӣ: одамкушӣ накун, алоқаи беникоҳ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».
20 Мард ҷавоб дод: «Эй устод! Ҳамаи ин фармоишҳоро аз хурдсолиам риоя кардаам».
21 Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
22 Вале он мард, ки бойигарии зиёде дошт, аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуду ғамгин ба хонааш баргашт.
23 Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст». 24 Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст. 25 Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад».
26 Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27 Исо ба шогирдонаш нигоҳ карда гуфт: «Ба инсон ин корро кардан ғайриимкон аст, вале на ба Худо; бо Худо аз ӯҳдаи ҳар кор баромадан мумкин аст».
28 Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Ана, мо аз баҳри ҳама чиз баромада, Шуморо пайравӣ кардем». 29 Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, 30 ҳоло дар вақти ҳозира сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад.
31 Лекин бисёри онҳое, ки ҳоло дар сафи пеш ҳастанд, дар сафи ақиб мешаванд ва онҳое, ки дар сафи ақиб ҳастанд, дар сафи пеш мешаванд».
Исо бори сеюм дар бораи марги худ нақл мекунад
32 Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. 33 Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд. 34 Беимонон бошанд, Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва латукӯб карда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз аз нав зинда мешавад».
Хоҳиши Ёқуб ва Юҳанно
35 Ёқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунед».
36 Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?» 37 Гуфтанд: «Вақте ки Шумо бо шӯҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунед, иҷозат диҳед, яке аз дасти рост ва дигаре аз дасти чапатон бишинем».
38 Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косае, ки Ман бояд бинӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?»
39 Ҷавоб доданд: «Бале, метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. 40 Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъин кардааст».
41 Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба Ёқубу Юҳанно сахт қаҳрашон омад. 42 Пас, Исо ҳамаи онҳоро гирд оварда гуфт: «Шумо хуб медонед, ки подшоҳон ва бузургони халқҳо ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд. 43 Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар кас ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори шумо бошад 44 ва ҳар касе, ки мехоҳад дар сафи пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад.
45 Ҳатто Фарзанди Инсон барои он наомадааст, ки касе ба Ӯ хизмат кунад, балки омад, то ки ба дигарон хизмат кунад ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонашро фидо кунад».
Шифо ёфтани нобино
46 Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид.
47 Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» 48 Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!»
49 Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад».
50 Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. 51 Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам». 52 Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза бино шуд ва аз паси Исо рафт.