13
Вайроншавии Хонаи Худо
1 Вақте Исо аз Хонаи Худо мебаромад, яке аз шогирдонаш гуфт: «Устод, бинед, ин биноҳои Хонаи Худо чӣ қадар боҳашамат ҳастанд! Чӣ сангҳои бузурге доранд!»
2 Исо ҷавоб дод: «Шумо ҳоло ин биноҳои бузургро мебинед? Санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
Азобу шиканҷаҳо
3 Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: 4 «Ба мо бигӯед, ки ҳамаи ин воқеаҳо кай рӯй медиҳанд ва иҷро шудани ҳамаи инро аз кадом нишона мефаҳмем?»
5 Исо ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад. 6 Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд. 7 Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. 8 Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар бисёр ҷойҳо заминҷунбӣ рӯй дода, қаҳтию гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин монанди саршавии дарди зоидан аст.
9 Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба сабаби Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод. 10 Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқиятҳо эълон карда шавад.
11 Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ташвиш накашед, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чӣ ҳамон лаҳза ба дилатон андохта мешавад, бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳи Муқаддас ба воситаи шумо сухан меронад.
12 Бародар бародари худро ба қатл мефиристад ва инчунин падар фарзандони худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд. 13 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
Ғаму андӯҳи бузург
14 Аммо вақте ки харобазори нафратангезеро дар ҷое мебинед, ки он набояд бошад (бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад), он гоҳ онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, бояд ба кӯҳистон гурезанд. 15 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе поён нафарояд ва ба хона надарояд. 16 Агар касе дар саҳро бошад, барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. 17 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт!
18 Пас дуо кунед, ки ин ҳодиса ба зимистон рост наояд. 19 Зеро дар он айём чунон мусибате рӯй медиҳад, ки аз замони дунёро офаридани Худо то ба ҳол чунин нашуда буд ва дигар ҳаргиз нахоҳад шуд. 20 Агар Худованд он рӯзҳои мусибатро кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин ягон инсон зинда намемонд. Вале ба хотири интихобкардагонаш Худованд он рӯзҳоро кӯтоҳ кардааст.
21 Агар ҳамон вақт касе ба шумо гӯяд, ки „Ана, Таъиншудаи Худо дар ин ҷост“ ва ё „Нигоҳ кунед, Ӯ дар он ҷост“, ба суханонаш бовар накунед. 22 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд ва чунин мӯъҷизаҳову аҷоибот нишон медиҳанд, то ки агар шавад интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд. 23 Инак, бохабар бошед. Ана Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам.
Омадани Фарзанди Инсон
24 Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо,
офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад,
25 ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
26 Он вақт мардум Фарзанди Инсонро мебинанд, ки болои абрҳо бо қудрату ҷалоли бузург меояд. 27 Ӯ фариштаҳояшро мефиристад, то интихобкардагонашро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон гирд оваранд.
Масал дар бораи дарахти анҷир
28 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. 29 Ҳамин тавр, вақте мебинед, ки ин ҳодисаҳо ба амал меоянд, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст. 30 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. 31 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
Маълум набудани рӯзу соати омадани Фарзанди Инсон
32 Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
33 Пас, ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад. 34 Ин монанди он аст, ки марде ба сафар рафта, барои ҳар як хизматгори худ вазифаи махсусе медиҳад ва ба дарвозабон мефармояд, ки посбонӣ кунад.
35 Пас шумо низ ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. 36 Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб наёбад. 37 Он чӣ ба шумо мегӯям ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»