16
Зиндашавии Исо
Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Ёқуб буд ва Салӯмит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд.
Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?» Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.
Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.
Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай аз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бубинад, чунон ки ба шумо гуфта буд».
Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд.
Зоҳиршавии Исо ба шогирдонаш
[ Исо субҳи рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт девро берун карда буд, худро зоҳир кард. 10 Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт. 11 Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.
12 Баъд Исо худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард. 13 Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард.
14 Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш, дар вақти хӯрок хӯрданашон, зоҳир шуд ва онҳоро ба сабаби беимонӣ ва якравиашон сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.
15 Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон бикунед! 16 Касоне, ки имон биоваранд ва таъмид бигиранд, наҷот меёбанд, вале касоне, ки имон наоваранд, маҳкум мешаванд. 17 Дар ҳаёти касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳо пайдо мешаванд: онҳо бо номи Ман девҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд; 18 онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд; даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».
19 Вақте ки сӯҳбати Исои Худованд бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз тарафи рости Худо нишаст. 20 Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо мӯъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.*16:9–20 Ин оятҳо на дар ҳамаи нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудаанд. ]

*16:20 16:9–20 Ин оятҳо на дар ҳамаи нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудаанд.