Китоби Рут
1
Элимелех бо оилааш ба Мӯоб мекӯчад
1-2 Замоне, ки дар сарзамини Исроил доварон*доварон — роҳбарони қадимаи халқи Исроил, ки вазифаи ҳукмкунӣ, ҳимоякунӣ ва роҳбариро ба ӯҳда доштанд. ҳукмронӣ мекарданд, гуруснагии сахте ба миён омад. Ҳамзамон дар деҳаи Байт-Лаҳми†Байт-Лаҳм — «хонаи нон» маъно дорад. вилояти Яҳудия Элимелех ном марде зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Эфротиён буд. Рӯзе ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Ноомӣ ва ду писараш Маҳлон ва Килъон ба сарзамини Мӯоб‡Мӯоб — яке аз халқҳои Канъон, ки душмани халқ Исроил буд. кӯчида рафт, то дар он ҷо зиндагӣ кунад.
3 Аммо пас аз чанд вақт Элимелех — шавҳари Ноомӣ аз олам чашм пӯшида, ӯро бо ду писараш танҳо гузошт. 4 Писаронаш духтарони мӯобиро ба занӣ гирифтанд, ки номи яке Орфо ва дигаре Рут буд. Баъди даҳ соле, ки онҳо дар он ҷо умр ба сар бурданд, 5 Маҳлон ва Килъон низ аз олам гузаштанд. Инак, Ноомӣ бешавҳару беписар монд.
Бозгашти Ноомӣ ба Байт-Лаҳм
6 Пас аз муддате Ноомӣ шунид, ки Худованд ба халқи худ баракати ҳосили фаровон додааст. Ӯ бо занони писаронаш бархост, то ки Мӯобро тарк кунад. 7 Ҳамроҳи ду келинаш ҷойи зисти худро гузошта, ба роҳ баромад, то ба Яҳудия баргардад.
8 Аммо дар роҳ Ноомӣ ба онҳо гуфт: «Ба хонаҳои модаронатон баргардед. Бигзор Худованд ба ивази некиҳое, ки ба ман ва фарзандони раҳматиам кардед, ба шумо некӣ кунад. 9 Дуо мекунам, ки ҳардуятон боз ба шавҳар бароед ва шуморо дар он хона хуш бипазиранд». Пас Ноомӣ хайрухушкунон онҳоро бӯсид. Аммо онҳо гиря карда 10 гуфтанд: «Не, мо ҳамроҳатон назди халқи шумо меравем». 11 Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Духтаронам, шумо бояд баргардед. Чаро ҳамроҳи ман будан мехоҳед? Оё ман метавонам боз соҳиби писароне шавам, ки шуморо ба занӣ гиранд? 12 Духтаронам, ман барои дубора шавҳар кардан пир шудаам, барои ҳамин ба хонаҳои худ баргардед. Ҳатто агар чунин имкон бошаду ман ҳамин шаб шавҳар карда писардор шавам ҳам, 13 оё шумо то ба воя расидани онҳо сабр мекунед? Ин хел шумо шавҳар карда наметавонед. Не, духтаронам, шумо медонед, ки ин номумкин аст. Ранҷу азобе, ки дорам, бароятон беҳад вазнин аст, чунки Худованд бар зидди ман аст». 14 Онҳо боз бо овози баланд гиря карданд. Сипас Орфо хушдоманашро бӯсида, бо ӯ хайрухуш карда рафт, аммо Рут бо ӯ монд.
15 Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Бубин, Орфо ба назди қавми худ ва худоёни худ бармегардад, ту ҳам ҳамроҳи ӯ бирав». 16 Аммо Рут илтиҷо кард:
«Маро маҷбур накунед, ки аз пешатон равам. Иҷозат диҳед, ҳамроҳатон истам.
Ҳар ҷойе ки равед, ман ҳам меравам. Ҳар ҷойе ки зиндагӣ кунед, ман ҳам он ҷо зиндагӣ мекунам.
Халқи шумо халқи ман ва Худои шумо Худои ман мешавад.
17 Ҳар ҷое ки бимиред, ман ҳам ҳамон ҷой хоҳам мурд ва дар он ҷой маро низ гӯр хоҳанд кард.
Агар чизе ғайр аз марг маро аз шумо ҷудо кунад, Худо ба балои бад гирифторам кунад».
18 Ноомӣ чун фаҳмид, ки Рут аз гапаш намегардад, дигар чизе нагуфт.
19 Ҳамин тавр, онҳо роҳи худро давом доданд ва ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд. Ҳангоме онҳо ба шаҳр даромаданд, мардум аз дидани онҳо ба ҳаяҷон омаданду занон чунин мегуфтанд: «Наход ин Ноомӣ бошад?» 20 Ноомӣ дар ҷавоб гуфт: «Худои Таоло ҳаёти маро хеле талху ғамнок кардааст, барои ҳамин маро дигар Ноомӣ (яъне форам) нагӯед, балки Мора (яъне талх) бигӯед. 21 Вақте ки аз ин ҷо баромада рафтам, ҳама чиз доштам, аммо Худованд маро бо дасти холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ мегӯед, ҳол он ки Худованд маро ба чунин мусибат гирифтор кардааст ва Худои Таоло маро бадбахт намудааст?»
22 Инак, Ноомӣ ҳамроҳи келинаш Рут аз сарзамини Мӯоб баргашт. Ҳангоме ки онҳо ба шаҳри Байт-Лаҳм расиданд, мавсими дарави ҷав нав сар шуда буд.