3
Ноомӣ барои Рут нақша мекашад
1 Боре Ноомӣ, хушдомани Рут, ба ӯ гуфт: «Духтарам, ман бояд бароят паноҳгоҳе пайдо кунам, то ки ту бароҳат бошӣ. 2 Ҳамон Бӯаз, ки ту ҳамроҳи хизматгоронаш кор кардӣ, хеши мост. Акнун гӯш кун. Ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷав бод мекунад. 3 Ту худатро тоза бишӯй, каме атр бизан ва либоси беҳтаринатро пӯшида, ба хирманҷо рав. Аммо то хӯрдану нӯшиданро тамом накунад, худро ба ӯ нишон надеҳ. 4 Вақте ки хоб меравад, ҷойи хобашро фаҳм, ки дар куҷост. Он гоҳ ба назди ӯ рафта, кӯрпаи ӯро аз рӯйи пойҳояш кушода, назди пойҳояш хоб кун. Пас худи ӯ мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ». 5 Рут дар ҷавоб гуфт: «Ҳамаи гуфтаҳоятро иҷро мекунам».
Рут ба назди Бӯаз меравад
6 Пас Рут ба хирманҷо рафта, ҳамон тавре ки хушдоманаш фармуда буд, амал кард. 7 Вақте ки Бӯаз хӯрдану нӯшиданро тамом кард, хушҳол шуд ва назди охирин хирмани ҷав рафта, хобид. Рут оҳиста ба ӯ наздик шуд ва як гӯшаи кӯрпаи ӯро бардошта, дар поёни пойи Бӯаз дароз кашид. 8 Нисфи шаб Бӯаз ногаҳон аз хоб бедор шуд ва чун дид, ки зане дар поёни пойҳояш хобидааст, ҳайрон шуд. 9 Бӯаз «Ту кистӣ?» гуфта пурсид. Рут ҷавоб дод: «Ман канизи шумо, Рут ҳастам. Шумо ки хеши наздиктарини мо ҳастед, хоҳиш мекунам, сарпарастии маро ба ӯҳда гиред».
10 Бӯаз гуфт: «Духтарам, Худованд туро баракат диҳад. Ин кори неке, ки ҳоло кардӣ, аз коре, ки пештар карда будӣ, бузургтар аст. Ту метавонистӣ аз қафои ҷавонмардони бой ё камбағал равӣ, вале ин корро накардӣ. 11 Духтарам, дигар натарс, ҳама хоҳишатро иҷро мекунам. Тамоми мардуми шаҳр медонанд, ки ту зани баномусӣ. 12 Дуруст аст, ки ман — хеши ту, вале аз ман дида, боз хеши наздиктар ҳаст. 13 Шабона ин ҷо бимон. Фардо субҳ мефаҳмам, ки оё ӯ ҳимояи туро ба ӯҳда мегирад ё не. Агар бигирад, хуб аст, вагарна ба Худои зинда қасам, ки худам туро мегирам. Ҳоло то саҳар ин ҷо хоб кун».
14 Пас Рут то саҳар дар поёни пойҳои Бӯаз хобид. Аммо, чашми рӯз ҳанӯз накафида, аз хоб бедор шуд. Бӯаз намехост, ки касе ба хирманҷо омадани занро бифаҳмад. 15 Ӯ ба Рут гуфт: «Рӯймолатро ба рӯйи замин паҳн кун». Рут ҳамин тавр кард. Бӯаз дар он тақрибан 25 кило ҷав рехт ва онро ба китфи Рут гузошт. Баъд худ ба шаҳр рафт. 16 Ҳангоме ки Рут ба назди хушдоманаш омад, Ноомӣ аз ӯ пурсид: «Хуб, чӣ гап, духтарам?» Рут ҳамаи ҳодисаро гуфт, ки Бӯаз барои ӯ чӣ кор кард 17 ва илова намуд: «Бӯаз ба ман гуфт, ки набояд бо дастони холӣ ба назди ту баргардам. Ӯ ҳамаи ин ҷавро ба ман дод». 18 Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Ҳоло сабр кун, духтарам, ки натиҷаи ин кор чӣ мешавад, зеро ин шахс то ин масъаларо имрӯз ҳал накунад, ором намешавад».