2
Огоҳӣ аз рӯйбинӣ
Эй бародаронам, шумо ки ба Худованди пуршӯҳрату ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед. Фарз кунем, ки шахсе бо ангуштарини тилло дар даст ва либосҳои қиматбаҳо дар тан ба ҷамъомади шумо медарояд. Ҳамин вақт як камбағале ҳам бо либоси кӯҳнаву ҷанда дохили маҷлис мешавад. Шумо бошед, ба шахси сарулибоси қиматбаҳо пӯшида «Аз боло гузаред!» мегӯеду ба камбағал «Ана, ҳо дар он ҷо ист» ё «Пеши пойҳои ман, рӯйи замин нишин» мегӯед. Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед?
Гӯш кунед, бародарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағал, аммо аз ҷиҳати имон бой ҳастанд ва подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони худ ваъда додааст, насибашон мегардад. Шумо бошед, камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин бойҳо шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд? Магар онҳо шахсоне нестанд, ки номи бошарафи Масеҳро дашном медиҳанд? Дар ҳоле ки шумо аз они Масеҳ ҳастед. Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем», он гоҳ кори хуб мекунед. Аммо агар рӯйбинӣ намоед, гуноҳ содир мекунед ва аз рӯйи шариат шумо қонуншикан ҳисоб мешавед. 10 Зеро агар шахсе ҳамаи гуфтаҳои шариатро иҷро намуда, фақат як нуқтаи онро вайрон кунад, дар шикастани тамоми қонуни шариат айбдор мегардад. 11 Зеро ҳамоне ки «Алоқаи ғайриникоҳ накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Одамкушӣ накун». Пас, агар шумо алоқаи ғайриникоҳ накунед, вале одам кушед, қонуншикан мешавед.
12 Бинобар ин гуфтору рафтори шумо бояд мисли гуфтору рафтори шахсе бошад, ки аз рӯйи шариати озодибахшанда ҳукм хоҳад шуд. 13 Зеро ба шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад.
Имон ва амал
14 Инак, эй бародаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад? 15 Фарзи мисол, як бародар ё хоҳаре аз ҷумлаи имондорон сарулибос ва ризқу рӯзӣ надошта бошаду 16 яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро аз сар нагузарон», аммо ба мӯҳтоҷии моддиаш ҳеҷ кӯмак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст? 17 Имон ҳам айнан мисли ҳамин беамал бошад, имони мурда аст.
18 Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам». 19 Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто девҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд. 20 Эй беақл, мехоҳӣ исбот кунам, ки имон беамал фоида надорад? 21 Бубин, ки аҷдодамон Иброҳим писараш Исҳоқро дар болои қурбонгоҳ қурбонӣ карданӣ шуд. Магар аз рӯйи ҳамин амалаш ӯ беайб шуморида нашуд? 22 Мебинӣ, ки ӯ ҳам бовар карду ҳам амал кард ва имонаш бо амалаш пурра шуд. 23 Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот дар бораи Иброҳим, ки «Вай ба Худо имон оварду аз рӯйи он беайб ҳисоб шуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд. 24 Пас, ҳоло мебинед, ки инсон на фақат аз рӯйи имонаш, балки ҳамчунин аз рӯйи амалаш сафед мешавад. 25 Ба монанди ин ҳатто фоҳишае ба номи Роҳоб бо амалаш беайб ҳисоб шуд. Ӯ ба ҷосусони аз тарафи халқи Худо фиристодашуда паноҳ дода, баъд онҳоро аз роҳи дигар ба саломатӣ равона карда буд.
26 Хулоса, ҳамон тавре ки бадан бе рӯҳ мемирад, имон низ бе амал мемирад.