3
Ром кардани забон
Эй бародаронам, бигзор бисёре аз шумо ҳаракати муаллими калом шуданро накунад, зеро худатон медонед, ки аз мо, муаллимон, дар вақти ҷавобдиҳӣ бисёртар пурсида хоҳад шуд. Чун ҳама дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пешпо мехӯранд, аммо касе, ки дар сухан ҳеҷ хато намекунад, шахси комил аст ва тамоми баданашро ҳам идора карда метавонад. Масалан, мо барои ром кардани аспҳо ба даҳонашон лаҷом мезанем ва он вақт тамоми баданашонро ба ҳар ҷо ки хоҳем, гардонда метавонем. Ё мисоли дигар киштиро гирем. Ҳарчанд он калон буда, бо вазидани шамоли шадид ҳаракат кунад ҳам, аммо роҳбари киштӣ онро ба ҳар тарафе, ки хоҳад, бо як чархи хурди суккон мегардонад.
Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад. Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд.
Инсон ҳар гуна ҳайвоноту паррандаҳо ва хазандаҳову ҷонварони обиро ром кардааст ва ром мекунад, лекин забони худро ҳеҷ яке ром карда наметавонад. Забон як бадии идоранашаванда ва пур аз заҳри марговар аст. Бо он мо Худованд ва Падари Осмониамонро*Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «Худованд Худоро» омадааст. ҳамду сано мехонем ва ҳамчунон бо он одамонро лаънат мегӯем. Ҳол он ки инсон ба шакли Худо офарида шудааст. 10 Пас, аз як забон ҳам ҳамду сано ва ҳам лаънат мебарояд. Бародаронам, ин хел набояд бошад. 11 Магар аз як чашма оби ширину оби шӯр ҷорӣ шуда метавонад?! 12 Ё магар дарахти анҷир меваи зайтун ва ё токи ангур меваи анҷир бор меоварад?! Аз чашмаи оби шӯр низ оби ширин ҷорӣ шуда наметавонад.
Ду намуди хирад
13 Касе ки дар байни шумо бохираду бофаҳм бошад, бигзор инро бо зиндагии хуб ва амалҳое, ки бо хоксории хираду ҳикмат анҷом дода мешаванд, нишон диҳад. 14 Аммо агар дар дилҳои шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ вуҷуд дошта бошад, худситоӣ накунед, ки таърифатон бар зидди ростӣ аст. 15 Ин гуна хираду ҳикмат аз ҷониби Худо нест, балки ҳикмати заминӣ, дунявӣ, яъне шайтонӣ мебошад. 16 Зеро ҳар вақте ки дар байни шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ ҳаст, дар ҳамон ҷо бетартибӣ ва ҳар гуна фисқу фасод мебошад.
17 Аммо хираду ҳикмате, ки аз ҷониби Худо меояд, пеш аз ҳама пок аст ва баъд сулҳпарвар, нармдил, равшанфикр, пур аз раҳму шафқат ва самараҳои нек, самимӣ ва бе рӯйбинӣ мебошад. 18 Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки адолат аст, ба даст меоваранд.

*3:9 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «Худованд Худоро» омадааст.