4
Итоат ба Худо
Сабаби ҳамаи баҳсҳову ҷангҳои байни шумо дар чист? Магар дар ҳамон орзу ва ҳавасҳоятон нест, ки дар дарунатон ҷанг мекунанд? Шумо чизеро сахт мехоҳед, аммо ба даст намеоред ва барои ҳамин одамкушӣ мекунед. Шумо ҳамчунон чизеро сахт ҳавас мекунед, аммо боз ҳам ба мақсадатон намерасед, бинобар ин гирифтори ҷангу моҷаро мешавед. Сабаби ба даст наовардани чизи дилхоҳатон дар он аст, ки аз Худо хоҳиш намекунед. Вале хоҳиш кунед ҳам, ба даст намеоред, чунки бо нияти айшу ишрати худ талаб мекунед ва ин нияти нодуруст аст.
Эй мардуми бевафо, магар намедонед, ки дӯстӣ кардан бо ин ҷаҳон бо Худо душманӣ карданро мефаҳмонад? Ҳар кӣ бо ин ҷаҳон дӯст шудан хоҳад, душмани Худо мешавад. Ё фикр мекунед, ки дар навиштаҷот беҳуда гуфта шудааст: «Рӯҳи Худованд, ки Худо дар дарунамон гузоштааст, сахт рашк мекунад»? Ба мо бошад, Ӯ қуввати бештар аз пештараро ато мекунад, то бар зидди ин ҳавасҳо истодагарӣ кунем. Барои ҳамин ҳам дар навиштаҷот гуфта шудааст: «Худо бар зидди ҳавобаландон аст, лекин ба хоксорон қувват мебахшад».
Пас, ба Худо пурра итоат кунеду ба иблис зид бароед ва ӯ аз пеши шумо мегурезад. Ба Худо наздик шавед ва Ӯ низ ба шумо наздик мешавад. Шумо, эй гунаҳкорон, дастонатонро аз гуноҳ пок созеду шумо, эй дудилагон, дилҳоятонро тоза кунед. Аз корҳоятон пушаймон шуда, нолаву гиря ва фиғон бардоред. Ба ҷойи ханда нола кунед ва ба ҷойи шодӣ кардан ғамгин бошед. 10 Дар пеши Худованд сарҳои худро хам кунед ва Ӯ шуморо сарбаланд хоҳад кард.
11 Эй бародарон, якдигарро бадгӯйӣ накунед. Ҳар кӣ бар зидди бародараш сухан мегӯяд ё ӯро ҳукм мекунад, дар асл, зидди шариати Худо сухан мегӯяд ва шариатро ҳукм мекунад. Агар шумо шариатро ҳукм мекарда бошед, пас дигар иҷрокунандаи он нестед, балки ҳукмкунанда ҳастед. 12 Аммо ҳаминро донед, ки фақат як Шариатдиҳанда ва Ӯ ҳам Ҳукмкунанда аст, ки қудрати наҷот додан ва нобуд карданро дорад. Лекин шумо кистед, ки якдигарро ҳукм мекунед?
Бадии лофзанӣ
13 Гӯш андозед шумое, ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо фалон шаҳр меравем, он ҷо як сол монда, савдо мекунему фоида ба даст меоварем». 14 Шумо аз куҷо медонед, ки фардо чӣ рӯй медиҳад? Охир умри шумо мисли буғ аст, ки барои як лаҳзаи кӯтоҳ пайдо мешаваду баъд нопадид мегардад. 15 Пас, шумо бояд чунин бигӯед: «Худованд хоҳаду зинда монем, фалон корро мекунем». 16 Дар акси ҳол суханони шумо лофзанӣ аз корҳои худ мешавад ва чунин болиданҳо бадӣ аст.
17 Пас, ҳар кас ки нек будани кореро медонаду онро иҷро намекунад, гуноҳ содир менамояд.