5
Огоҳӣ ба сарватмандон
Ҳоло шумо, эй сарватмандон, гӯш андозед! Шумо бояд гиряву нола кунед, чунки бало ба шумо наздик шуда истодааст. Сарвати шумо пӯсидаасту либосатонро куя задааст. Тиллову нуқраатон занг задааст. Худи ҳамин занг бар зидди шумо шаҳодат дода, баданатонро мисли оташ дармегиронад. Шумо бошед, дар ин рӯзҳои охир бойигарӣ ҷамъ кардаед.
Бинед, шумо ба мардикороне, ки ҳосили заминҳоятонро ҷамъ овардаанд, бояд музди меҳнаташонро медодед, вале ғоратгарона онро надодед. Ҳоло ҳамин музди меҳнати онҳо бар зидди шумо нолаю фарёд мекунад ва ин фарёди ҳосилҷамъкунандагон то ба гӯши Худои пурқудрат расидааст. Ана шумо умри худро дар ин дунё бо кайфу сафо ва айшу ишрат гузаронда, худро мисли ҷонвароне, ки барои куштан парвариш мешаванд, барои рӯзи ҷавобдиҳӣ парвариш кардаед. Одами бегуноҳро, ки ба шумо зиддият нишон намедод, ҳукм карда, ба қатл расонидаед.
Сабру тоқат дар вақти азобҳо
Бинобар ин, эй бародарон, чунон ки деҳқон бо сабру тоқат интизори борони баҳору тирамоҳ мешавад, то ки киштзори ғаллаи гаронбаҳояш ҳосил диҳад, шумо низ то омадани Худованд сабру тоқат кунед. Монанди ҳамин шумо низ бо сабру тоқат устувор истед, чунки вақти омадани Худованд наздик аст. Аз якдигар, бародарон, арзу шикоят накунед, вагарна ҳукм мешавед, зеро Ҳукмкунанда дар остонаи дар истодааст.
10 Хӯш, бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Худованд пайғом медоданд, ибрат бигиред, ки чӣ тавр онҳо дар вақти азобу шиканҷаҳо сабру тоқат нишон медоданд. 11 Шумо медонед, ки мо онҳоеро пурбаракат мешуморем, ки ба азобҳо тоб меоваранд. Тавре ки шумо шунидаед, чӣ гуна Айюб пайғамбар бо сабру тоқат аз азобҳо гузашт ва медонед, ки Худованд дар охир барояш чӣ кор кард*Айюб пайғамбар фарзандон ва молу мулкашро аз даст дода, инчунин ба касалии сахт гирифтор шуда буд. Аммо баъд аз ин азобҳо Худо ӯро шифо бахшида, бисёр баракат дода буд.. Худованд пур аз раҳму шафқат аст.
12 Аз ҳама муҳимаш, бародаронам, ҳеҷ қасам нахӯред, на бо Худо, на бо замин ва на бо ҳеҷ чизи дигар. Бигзор «ҳа» гуфтани шумо «ҳа» бошад ва «не» гуфтанатон «не» бошад. Вагарна шумо ҳукм мешавед.
Дуои натиҷабахш
13 Агар касе аз байни шумо мушкилие дошта бошад, бояд дуо кунад. Агар хурсанд бошад, бояд сурудҳои ҳамду сано бихонад. 14 Агар касе бемор бошад, бояд роҳбарони ҷамоати имондоронро даъват кунад, то ки барояш дуо кунанду бо номи Худованд бар бемор равған моланд. 15 Он гоҳ дуои боимон беморро шифо мебахшад ва Худованд ӯро аз бистари беморӣ мехезонад. Агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳаш бахшида мешавад. 16 Бинобар ин дар пеши якдигар ба гуноҳҳоятон иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то ки шифо ёбед. Дуои шахси дурусткор боқудрат ва натиҷабахш аст.
17 Илёс пайғамбар низ шахсе мисли мо буд, аммо вақте аз сидқи дил дуо кард, ки борон наборад, сеюним сол ба замин борон наборид. 18 Боз дуо кард, ки борон борад ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод.
19 Пас, эй бародаронам, бидонед, ки агар касе аз байни шумо аз роҳи ростӣ барояду дигаре ӯро ба роҳ баргардонад, 20 вай гунаҳкорро аз роҳи хато баргардонда, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдаш бахшида мешаванд.

*5:11 Айюб пайғамбар фарзандон ва молу мулкашро аз даст дода, инчунин ба касалии сахт гирифтор шуда буд. Аммо баъд аз ин азобҳо Худо ӯро шифо бахшида, бисёр баракат дода буд.