11
Марги Лаъзор
Марде, ки Лаъзор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз Байт-Ҳинӣ, аз деҳае буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард. Марям ҳамон зан буд, ки ба пойҳои Худованд атриёт молида, онҳоро бо мӯйи сари худ хушк карда буд. Лаъзори беморшуда бародари ӯ буд. Хоҳарони Лаъзор касеро бо хабаре назди Исо фиристоданд, ки бигӯяд: «Эй Худованд, он касе, ки Ту дӯст медорӣ, бемор аст».
Исо ин хабарро шунида гуфт: «Ин беморӣ на барои марг, балки барои шӯҳрату ҷалоли Худо ва барои он аст, ки Фарзанди Инсон ба воситаи он ҷалоли худро нишон диҳад». Исо Марто, хоҳари ӯ ва Лаъзорро дӯст медошт. Вале аз бемории Лаъзор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷояш монд.
Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем». «Устод, — гуфтанд шогирдони ӯ, — навакак мардум шуморо сангсор кардан мехостанду Шумо боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастед?» Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар як рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд. 10 Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд». 11 Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Лаъзор хобидааст, Ман рафта, ӯро бедор мекунам». 12 Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Худованд, агар хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».
13 Исо мурдани Лаъзорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби муқаррарӣ гап мезанад. 14 Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Лаъзор мурдааст, 15 вале Ман ба хотири шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имон оваред. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем». 16 Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»
Исо зиндакунанда ва ҳаётбахшанда аст
17 Ба он ҷо расида омадан замон Исо фаҳмид, ки Лаъзорро чор рӯз пеш гӯронидаанд. 18 Деҳаи Байт-Ҳинӣ аз Ерусалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр роҳ буд, 19 бинобар ин бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд. 20 Марто ҳамин ки хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ рафт, вале Марям дар хона монд.
21 Марто ба Исо гуфт: «Худованд, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам аз дунё намегузашт! 22 Аммо ман медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чӣ аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад». 23 «Бародарат гашта зинда мешавад», — гуфт ба ӯ Исо. 24 «Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», — ҷавоб дод Марто. 25 Исо гуфт: «Ман каси зиндакунанда ва ҳаётбахш ҳастам. Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, аз нав зинда мешавад. 26 Инчунин, ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад. Ту ба ин бовар мекунӣ?» 27 «Бале, Худованд, — ҷавоб дод Марто, — ман бовар мекунам, ки Ту Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».
28 Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад».
29 Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт 30 (Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд).
31 Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Онҳо зуд аз ҷояш хеста ва аз хона баромадани Марямро дида, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд. 32 Вақте Марям ба ҷое, ки Исо буд, омаду Ӯро дид, пеши пойҳояш худро партофта, гуфт: «Худованд, агар дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33 Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, дилаш сахт безобита шуда 34 гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гӯронидед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Худованд, нишон медиҳем». 35 Исо ашки чашм рехт. 36 Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, чӣ қадар ӯро дӯст медошт!» 37 Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар Лаъзорро аз марг нигоҳ дошта наметавонист?»
Исо Лаъзорро зинда мекунад
38 Исо бори дигар хашмгин шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд. 39 «Сангро дур кунед!» — гуфт Исо. Марто, хоҳари марҳум ба Ӯ гуфт: «Худованд, аллакай бӯй гирифтааст. Охир аз рӯзе, ки ӯро дафн кардем, чор рӯз гузашт». 40 Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
41 Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ. 42 Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!» 43 Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Лаъзор, берун баро!» 44 Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, ки роҳ равад!»
45 Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, мӯъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд. 46 Аммо баъзе аз онҳо ба пеши фарисиён рафта, дар бораи корҳои Исо хабар доданд.
47 Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён маҷлиси шӯроро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. 48 Агар мо имконият диҳем, ки Ӯ кори худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, ҳам ҷои муқаддасамон ва ҳам халқи моро нест мекунанд».
49 Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол сарвари рӯҳониён буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед! 50 Магар аён нест, ки агар як нафар ба хотири халқ бимирад, барои шумо беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад».
51 Қаёфо ин суханонро боихтиёри худ нагуфт, балки аз сабаби ҳамон сол сарвари рӯҳониён буданаш аз ӯ ин пешгӯӣ баромаданд, ки Исо барои халқ мемирад. 52 Вале на танҳо барои халқи яҳудиён, инчунин барои муттаҳид гардондани тамоми фарзандони Худо низ, ки дар рӯи замин парокандаанд, мемирад. 53 Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Ӯро фикр карданд. 54 Аз ин сабаб Исо дигар дар Яҳудия ошкоро рафтуомад намекард. Вай аз он ҷо ба Эфроим ном шаҳре, ки дар наздикии биёбон ҷойгир шуда буд, рафта, бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо монд.
55 Иди Балогардони яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Ерусалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму таомули покшавиро ба ҷо оваранд. 56 Онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданду дар Хонаи Худо аз ҳамдигар мепурсиданд: «Чӣ фикр доред? Наход Ӯ ба ид биёяд?» 57 Зеро сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён фармон бароварданд, ки агар касе дар куҷо будани Исоро донад, бояд ба онҳо хабар диҳад, то Ӯро дастгир карда тавонанд.