12
Бо равған молида шудани Исо
Шаш рӯз пеш аз сар шудани иди Балогардон Исо ба Байт-Ҳинӣ ба хонаи ҳамон Лаъзор, ки зинда карда буд, омад. Ба шарафи Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Лаъзор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд. Марям бошад, як шишаи атри ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт.
Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт: «Чаро ин атр ба сесад динор фурӯхта, пули он ба камбағалон тақсим карда нашуд?» (Ӯ хазинадор буд ва барои манфиати худ аз он ҷо пул мегирифт. Бинобар ин ӯ на аз сабаби ғами камбағалонро хӯрдан, балки аз барои дузд буданаш он суханонро гуфт). Вале Исо дар ҷавоб гуфт: «Марямро ором гузор! Бимон, ки атрро барои рӯзи дафни Ман нигаҳ дорад. Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман ҳамеша бо шумо намемонам».
Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Ҳинӣ будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Лаъзор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд. 10 Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ қарор доданд, ки Лаъзорро ҳам бикушанд, 11 зеро аз барои ӯ мардуми зиёди Яҳудия аз онҳо рӯ гардонда, ба Исо имон меоварданд.
Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо
12 Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Ерусалим омада истодааст. 13 Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд ва Шоҳи Исроил аст!» 14 Исо харкуррае ёфта, ба он савор шуд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: 15 «Натарс, эй шаҳри Ерусалим! Ана, Шоҳи ту савораи харкурра омада истодааст».
16 Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шӯҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.
17 Мардуме, ки дар ҳузурашон Исо Лаъзори мурдаро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, паҳн кардани ин хабарро давом медоданд. 18 Аз сабаби шунидани ин мӯъҷиза тӯда-тӯда одамон ба пешвози Ӯ баромаданд. 19 Аммо фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Медонед, аз дастамон ҳеҷ коре намеояд! Ана бинед, тамоми ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад!»
Маргашро пешгӯӣ кардани Исо
20 Дар байни онҳое, ки барои саҷдаи Худо ба ид омада буданд, юнониҳо ҳам буданд. 21 Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем». 22 Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар доду баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд. 23 Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад! 24 Ба шумо рост мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад — ҳосили зиёд меоварад. 25 Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад ва касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад. 26 Ҳар кӣ ба Ман хизмат кунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат кунад, Падарам сарфароз менамояд.
27 Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! 28 Эй Падар, номи худро шӯҳрат деҳ!»
Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шӯҳрат додам ва боз ҳам шӯҳрати бештар медиҳам!»
29 Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин ғурриши раъд буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт. 30 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд! 31 Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад! 32 Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи худ мекашам!» 33 Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад.
34 Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз шариат медонем, ки Таъиншудаи Худо то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯӣ, ки Фарзанди Инсон бояд боло бардошта шавад? Охир, Фарзанди Инсон кист?» 35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад. 36 Пас, ҳанӯз ки равшанӣ бо шумост, ба он имон биёваред, то ки писарони равшанӣ шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафту аз назари онҳо ғоиб шуд.
Беимонии одамон
37 Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд. 38 Ишаъё пайғамбар гуфта буд:
«Эй Худованд, кӣ ба паёми мо бовар кардааст?
Ба кӣ қудрати Худо ошкор гардидааст?»
Ин пешгӯӣ ҳамин тавр иҷро шуд.
39 Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:
40 «Худо чашмони онҳоро нобино
ва ақли онҳоро тира кардааст,
то ки онҳо бо чашмони худ набинанд
ва бо ақли худ дарк накунанд.
Вагарна, мегӯяд Худо, ба Ман муроҷиат мекарданд,
то Ман онҳоро шифо диҳам».
41 Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шӯҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.
42 Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо эътиқод карданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ибодатхонаҳо ҷудо накунанд. 43 Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро беҳтар донистанд.
44 Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад. 45 Ҳар кӣ Маро мебинад, он касеро мебинад, ки Маро фиристодааст. 46 Ман ҳамчун равшанӣ ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. 47 Ман ҳеҷ касеро, ки суханони Маро мешунаваду иҷро намекунад, ҳукм нахоҳам кард, чунки Ман на барои ҳукм кардани ҷаҳон, балки барои наҷот додани он омадаам. 48 Касе, ки Маро инкор мекунад ва суханони Маро қабул намекунад, вай аллакай ҳукмкунандаро дорад. Дар рӯзи қиёмат он суханоне, ки Ман гуфтам, ӯро ҳукм мекунанд, 49 чунки Ман аз худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ нақл карданамро фармон додааст. 50 Ва Ман медонам, ки фармони Ӯ ҳаёти абадӣ мебахшад. Бинобар ин Ман танҳо он чиро, ки Падар ба Ман фармудааст, мегӯям».