13
Пойҳои шогирдонро шустани Исо
1 Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.
2-3 Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом 4 Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни худро бо сачоқ баст. 5 Пас, ба тағораи дастурӯшӯйӣ об рехта, ба шустану бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард.
6 Ӯ ба назди Шимъӯни Петрус омад ва Шимъӯни Петрус гуфт: «Худованд, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!» 7 Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори мекардаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ». 8 Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯӣ». «Агар нашӯям, ту бо Ман шарик намешавӣ!» — ҷавоб дод Исо. 9 Шимъӯни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Худовандо, пас на фақат пойҳоямро, балки дасту сарамро низ бишӯй!» 10 «Барои касе, ки ҳаммом кардааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст, — гуфт Исо. — Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама». 11 Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.
12 Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам? 13 Шумо Маро устод ва Худованд меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам. 14 Пас, агар Ман, ки Худованд ва устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. 15 Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед. 16 Ба шумо рост мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва фиристодашуда аз шахсе, ки ӯро фиристодааст, бузургтар нест. 17 Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред.
18 Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям; Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале, бигзор, суханон аз навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман даст бардошт“. 19 Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам*13:19 Ниг. эзоҳи 8:28.. 20 Ба шумо рост мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, фиристандаи Маро қабул мекунад».
Пешгӯйии Исо дар бораи хиёнат дар ҳаққи ӯ
21 Инро гуфта, Исо сахт безобита шуду эълон кард: «Ба шумо рост мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад. 23 Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлӯи Ӯ такя карда нишаста буд. 24 Шимъӯни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт. 25 Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Худованд, ин кист?» 26 Исо ҷавоб дод: «Ба кӣ луқмаи нонро дар коса тар карда диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют дод. 27 Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, иблис ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун».
28 Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт. 29 Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чӣ барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад.
30 Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд.
Фармони нав
31 Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Фарзанди Инсон шӯҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфт. 32 Агар Худо дар Ӯ шӯҳрату ҷалол ёфта бошад, пас Худо низ дар худ Ӯро шӯҳрату ҷалол медиҳад ва фавран инро мекунад. 33 Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед. 34 Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. 35 Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».
Пешгӯйии Исо дар бораи Ӯро инкор кардани Петрус
36 Шимъӯни Петрус аз Ӯ пурсид: «Худованд, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, — ҷавоб дод Исо, — аммо баъдтар хоҳӣ омад». 37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Худованд! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!» 38 Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»