16
Назоратчии зирак
Ҳамчунин Исо ба шогирдонаш гуфт: «Марди сарватманде назоратчие дошт ва ба сарватманд шикоят карданд, ки назоратчиаш молу мулки ӯро беҳуда сарф мекунад. Хоҷааш вайро ҷеғ зада гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ“. Он гоҳ назоратчӣ худ ба худ гуфт: „Чӣ кор кунам? Хоҷаам маро аз кор холӣ мекунад. Ман бел зада наметавонам ва аз гадоӣ кардан ҳам шарм мекунам. Ёфтам чӣ бояд кунам. Бояд коре бикунам, ки вақти бекор монданам одамон маро ба хонаҳояшон роҳ диҳанд“. Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун“. Назоратчӣ ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷои сад панҷоҳ навис“. Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум“. Назоратчӣ гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷои сад ҳаштод навис“. Вале хоҷааш назоратчии қаллобро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.
Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани бойигариатон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд. 10 Касе, ки дар иҷрои вазифаи майда вафодор бошад, дар иҷрои вазифаи калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар иҷрои кори ночиз беинсоф бошад, дар иҷрои кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад. 11 Пас, агар ба шумо бойигарии ин дунёро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо бойигарии ҳақиқиро боварӣ мекунад? 12 Ва агар ба шумо бойигарии шахси бегонаро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо меросатонро медиҳад?
13 Ҳеҷ хизматгор якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».
Баъзе гуфтаҳои Исо
14 Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд. 15 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.
16 Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд. 17 Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.
18 Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.
Сарватманд ва Лаъзор
19 Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд. 20 Лаъзор ном камбағале, ки тамоми баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид 21 ва ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вай орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои хӯроке, ки ба берун партофта мешаванд, сер кунад. 22 Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд. 23 Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст. 24 Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй аҷдодам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Лаъзорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам“. 25 Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ту дар вақти зинда буданат аллакай ҳама чизи хубро ба даст оварда будӣ, вале насиби Лаъзор фақат чизи бад дид. Ҳоло бошад, дили вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ. 26 Илова бар ин, байни мову шумо чунон ҷарии бетаге вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад“. 27 Марди сарватманд гуфт: „Пас, эй аҷдод, аз шумо илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падари ман фиристед. 28 Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро таъкид кунад, то онҳо ҳам ба ин ҷои азоб наафтанд“. 29 Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мӯсо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд“. 30 Аммо мард гуфт: „Не, аҷдодам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон назди онҳо биёяд, тавба хоҳанд кард“. 31 Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мӯсою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ба ҳеҷ кас, ҳатто ба мурдае, ки зинда шудааст, низ бовар нахоҳанд кард“».