17
Баъзе гуфтаҳои Исо
1 Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Албатта васвасаҳои зиёд пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд. 2 Агар бар гардани вай санги осиёбро овехта, ӯро ба баҳр мепартофтанд, барояш беҳтар аз он мебуд, ки ӯ яке аз пайравони хурдтаринро ба васвасаи гуноҳ андозад.
3 Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро таъкид кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бубахшед. 4 Агар рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, бояд ӯро бубахшед».
5 Вакилон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёдтар бикун». 6 Худованд гуфт: «Агар имонатон донаи хардал барин бошад, шумо ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонед ва вай ба шумо итоат мекунад.
7 Фарз кардем, ки яке аз шумо хизматгоре дореду вай ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада назди дастархон бишинад? 8 Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ?“ 9 Охир, шумо ба хизматгоратон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку? 10 Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо танҳо хизматгори ночиз ҳастему вазифаи худро иҷро кардем“».
Шифо ёфтани даҳ махав
11 Исо ба сӯи Ерусалим равона шуд. Вай қад-қади сарҳаде, ки байни Сомарияву Ҷалил буд, роҳ мерафт. 12 Боре, вақте ки Ӯ ба деҳае медаромад, бо даҳ одамони махав рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода 13 дод мезаданд: «Эй Исо, хоҷа, ба мо раҳм кунед!» 14 Исо онҳоро дида, гуфт: «Бираведу худро ба рӯҳониён нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар аснои роҳ пок шуданд. 15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоиш намуда, баргашт 16 ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Ӯ марди сомарӣ буд. 17 Исо пурсид: «Магар даҳ нафар пок нашудаанд? Нӯҳ нафари дигар куҷоянд? 18 Пас, наход ғайр аз ин марди бегона ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?» 19 Баъд ба он мард гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».
Омадани подшоҳии Худо
20 Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Аз рӯи нишонаҳои намоён омадани подшоҳии Худоро муайян кардан имконнопазир аст. 21 Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, подшоҳии Худо аллакай дар байни шумо вуҷуд дорад».
22 Вале ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани Фарзанди Инсон зор мешавед, вале Ӯро намебинед. 23 Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“ Аз ҷоятон ҷаста, аз қафояшон надавед. 24 Зеро Фарзанди Инсон дар рӯзи омаданаш монанди барқе, ки дурахшида осмонро аз як сӯ то сӯи дигар нурпошӣ мекунад, пайдо мешавад. 25 Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад. 26 Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, пеш аз омадани Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр мешавад. 27 Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард. 28 Ҳамчунин монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд. 29 Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садӯм баромад, ба рӯи замин оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард. 30 Рӯзе, ки Фарзанди Инсон зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд. 31 Агар касе он вақт дар болои бом бошаду чизу чорааш даруни хона, барои гирифтани онҳо поён нафарояд ва ҳар кӣ дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад. 32 Зани Лутро ба хотир оваред. 33 Ҳар кӣ ҷони худро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад ва ҳар кӣ ҷони худро фидо кунад, онро эмин нигоҳ хоҳад дошт. 34 Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷойгаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 35-36 Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад».*17:35–36 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 36 дохил шудааст: «Аз ду касе, ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта мешаваду дигаре не».
37 Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Худованд, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷо ки ҷасади мурдае бошад, паррандаҳои лошахӯр дар он ҷо гирд меоянд».
*17:35–36 17:35–36 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот ояти 36 дохил шудааст: «Аз ду касе, ки дар киштзор ҳастанд, яке гирифта мешаваду дигаре не».