20
Савол дар бораи ҳуқуқи Исо
Рӯзе, вақте ки Исо дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм омада пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунӣ? Кӣ ба Ту чунин ҳуқуқро додааст?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам ба шумо як савол медиҳам ва шумо ба Ман ҷавоб диҳед, ки ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» Онҳо бо ҳам муҳокима намуда, мегуфтанд: «Агар „Худо“ гӯем, Вай аз мо мепурсад: „Чаро ба Яҳё бовар накардед?“ Агар „одамон“ гӯем, мардум моро сангсор мекунанд. Охир одамон боварии комил доранд, ки Яҳё пайғамбар буд». Онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд. «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунам», — гуфт Исо.
Масал дар бораи иҷоракорон
Баъд Исо ба халқ нақл кардани чунин масалро сар кард: «Шахсе токзоре бунёд карда, онро ба иҷоракорон ба иҷора дод ва худаш ба муддати дуру дароз ба кишвари дигар сафар кард. 10 Чун вақти ҳосилғундорӣ расид, ӯ хизматгореро ба назди иҷоракорон фиристод, то ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале иҷоракорон ӯро латукӯб карда, бо дасти холӣ баргардонданд. 11 Он вақт ӯ хизматгори дигарашро фиристод. Вале онҳо ӯро ҳам зада, шарманда карданду бо дасти холӣ баргардонданд. 12 Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ маҷрӯҳ намуда, берун партофтанд. 13 Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ бояд бикунам? Писари азизамро мефиристам, шояд ӯро эҳтиром кунанд“. 14 Вале иҷоракорон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем ва токзор аз они мо мешавад!“ 15 Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд.
Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ хел рафтор мекунад? 16 Вай баргашта, он иҷоракоронро мекушаду токзорро ба дигарон медиҳад».
Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!» 17 Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд:
„Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,
санги асосии таҳкурсии бино гардид“.
18 Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, шикаста майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».
Вазифаи одамон дар назди ҳокимон ва Худо
19 Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд. 20 Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.
21 Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед. 22 Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?» 23 Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт: 24 «Ба Ман динореро нишон диҳед. Дар он акс ва номи кӣ аст?» «Император», — ҷавоб доданд онҳо. 25 Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чӣ аз они Худост, ба Худо».
26 Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.
Савол дар бораи аз нав зиндашавӣ
27 Чанд нафар аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба пеши Исо омаданду 28 ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
29 Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифту фарзанде ба дунё наоварда мурд. 30-31  Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда мурданд. 32 Оқибат зан ҳам аз дунё чашм пӯшид. 33 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
34 Исо ҷавоб дод: «Одамони ин олам зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд. 35 Вале онҳое, ки ба зинда шудану дар олами оянда зиндагӣ кардан лоиқ дониста шудаанд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд. 36 Онҳо дигар мурда наметавонанд, чунки мисли фариштаҳо мешаванд. Онҳо фарзандони Худо ҳастанд, охир Худо онҳоро аз мурдагон зинда кардааст. 37 Дар бораи аз нав зинда шудани мурдагон бошад, худи Мӯсо ба воситаи буттаи сӯхтаистода нақл карда, Худовандро Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб меномад. 38 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Барои Ӯ ҳама зинда ҳастанд». 39 Он гоҳ баъзе аз шариатдонон гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, устод!»
40 Ва дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.
Савол дар бораи Масеҳ
41 Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Чӣ тавр одамон гуфта метавонанд, ки Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст? 42-43  Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд:
„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«То даме ки душманонатро зери пойҳоят наандозам,
аз тарафи дасти рости Ман бишин»“.
44 Довуд Ӯро „Худованд“ меномад. Пас, чӣ тавр Вай аз насли Довуд шуда метавонад?»
Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ
45 Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони худ гуфт: 46 «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Чун либосҳои қимат пӯшида мегарданд ва ба онҳо маъқул аст, ки мардум дар бозорҳо ба онҳо салом диҳанд. Онҳо дӯст медоранд, ки дар ҷойҳои беҳтарини ибодатхонаҳо бишинанд ва дар тӯю зиёфатҳо бологузар бошанд. 47 Онҳо намоишкорона дуру дароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Барои ин корашон ҷазои сахттар мебинанд».