21
Ду тангаи бевазан
1 Исо як назар андохта, бойҳоеро дид, ки ба сандуқи хайрия ҳадяҳои худро меандохтанд. 2 Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт. 3 Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард. 4 Чунки онҳо аз зиёдатии бойигариашон хайрия карданд, вай бошад, ҳамаи он ризқу рӯзиашро, ки дошт, дод».
Азобу уқубатҳои дарпешистода
5 Вақте ки баъзеҳо дар бораи Хонаи Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт: 6 «Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои сангаш намонда ба замин яксон мегардад». 7 Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом нишона мефаҳмем?» 8 Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо шуморо гумроҳ накунанд, зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ мегӯянд. Аз паси онҳо наравед! 9 Вақте ки овозаи ҷангҳову шӯришҳо ба гӯшатон мерасад, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо ба вуҷуд оянд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад». 10 Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. 11 Заминҷунбиҳои сахт ва дар ҷойҳои гуногун қаҳтиву гуруснагӣ ва вабо хоҳад шуд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва нишонаҳои бузург намоён хоҳанд гашт. 12 Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб хоҳанд дод ва ба ибодатхонаву зиндонҳо хоҳанд бурд. Аз барои номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд. 13 Ин ҳамон вақтест, ки дар бораи Ман шаҳодат медиҳед. 14 Қарор диҳед, то пешакӣ ташвиш накашед, ки дар ҷавоб чӣ бояд бигӯед. 15 Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмат ва суханпардозиро ато мекунам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад. 16 Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед. 17 Аз барои Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. 18 Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод. 19 Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.
Пешгӯйии Исо дар бораи вайрон шудани Ерусалим
20 Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст. 21 Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад. 22 Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
23 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад. 24 Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд.
Нишонаи омадани Фарзанди Инсон
25 Дар офтоб, моҳ ва ситорагон нишонаҳое зоҳир мешаванд ва дар рӯи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд. 26 Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд. 27 Дар он вақт одамон Фарзанди Инсонро мебинанд, ки дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалоли бузурге меояд. 28 Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти харида гирифта шуданатон наздик аст».
Масал дар бораи дарахти анҷир
29 Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед. 30 Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст. 31 Пас шумо ҳам вақте ки ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, донед, ки подшоҳии Худо наздик аст. 32 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд. 33 Замину осмон нест мешавад, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. 34 Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад, ки, вагарна он рӯз ногаҳон, 35 мисли дом барои шумо фаро хоҳад расид. Зеро он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯи замин хоҳад омад. 36 Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз мусибатҳои омадаистода халосӣ ёбед ва дар назди Фарзанди Инсон истед».
37 Ҳар рӯз Исо дар ҳавлии Хонаи Худо таълим медод ва бо фарорасии бегоҳ ба теппаи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. 38 Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии Хонаи Худо меомаданд.