6
Таълимот дар бораи садақадиҳӣ
Исо суханонашро давом дода гуфт: «Зинҳор корҳои худофармударо намоишкорона дар пеши назари халқ накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред. Яъне, вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ибодатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад, то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.
Таълимот дар бораи дуохонӣ
Вақте ки дуо мекунед ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ибодатхонаю чорраҳаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Аммо, ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.
Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дуру дароз гап зананд, дуояшон шунида мешавад. Ба монанди онҳо дуо накунед, зеро Падаратон ҳанӯз пеш аз пурсиданатон медонад, ки ба шумо чӣ лозим аст. Пас шумо ин тавр бояд дуо кунед:
Эй Падари мо, ки дар осмон ҳастӣ,
Шаъну шараф бод ба номи муқаддаси Ту.
10 Бигзор подшоҳии Ту барқарор гардад
ва хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад.
11 Ба мо ризқу рӯзии имрӯзаамонро деҳ
12 ва корҳои нодурусти моро бубахш,
чи тавре ки мо низ онҳоеро мебахшем, ки бо мо нодуруст рафтор мекунанд.
13 Моро ба озмоиш дучор накун,
балки аз дасти Шахси Бад халос намо.*6:13 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст «Зеро подшоҳӣ, қудрат ва шӯҳрат то абад аз они Туст. Омин.»
14 Инак, агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққи шумо рафтори нодуруст мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам корҳои нодурусти шуморо хоҳад бахшид. 15 Вале агар шумо дигаронро набахшед, Падари шумо ҳам корҳои нодурустатонро нахоҳад бахшид.
Таълимот дар бораи рӯзадорӣ
16 Боз вақте ки рӯза мегиред, ба одамони дурӯя монанд шуда, чеҳраи рӯятонро ғамзада вонамуд накунед, чунки дурӯяҳо намуди зоҳириашонро беэътибор мемонанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯза гирифтаанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. 17 Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед, 18 то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот хоҳад дод.
Дар осмон ҷамъ кардани бойигарӣ
19 Дар замин барои худ бойигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд. 20 Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин бойигариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. 21 Зеро ба он ҷое, ки бойигарӣ доред, дилатон кашол аст.
Чароғи бадан
22 Чашм барои бадан ҳамчун чароғ аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад, 23 аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, эҳ, пас он чи хел торикии зулмот аст!
Худо ва пул
24 Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул.
25 Бинобар ин ба шумо мегӯям, на ташвиши зиндагиатонро кунед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва на ғами баданро хӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯроку бадан аз пӯшок иборат аст? 26 Ба паррандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на ба анборҳо ҳосилро захира мекунанд, ҳол он ки Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз паррандаҳо арзиши баландтар надоред? 27 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан як лаҳзаи умратонро дарозтар карда метавонед? 28 Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, 29 лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату бойигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. 30 Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад?
31 Барои ҳамин ғам хӯрдану ташвиш кашиданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ ё „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“ 32 Чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред. 33 Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. 34 Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Ба ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст».

*6:13 6:13 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот дохил шудааст «Зеро подшоҳӣ, қудрат ва шӯҳрат то абад аз они Туст. Омин.»