7
Айбдор кардани дигарон
Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор ҳисоб накунед, то ки шумо айбдор ҳисоб нашавед. Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор ҳисоб кунед, ҳамон тавр шумо айбдор ҳисоб карда мешавед ва бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад. Чаро шумо хасро дар чашми бародаратон мебинеду чӯберо, ки дар чашми худатон ҳаст, ҳис намекунед? Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон гуфта метавонед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат берун кунам“, ҳол он ки дар чашми худатон чӯб доред? Эй дурӯяҳо! Аввал чӯбро аз чашми худатон дур кунед, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
Чизеро ки муқаддас аст ба сагон надиҳед, вагарна онҳо рӯ гардонда ба шумо ҳамла меоваранд. Ва гавҳари худро пеши пойҳои хукон напартоед, вагарна онро поймол мекунанд.
Натиҷаи талаб кардан, ҷустан ва кӯфтан
Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. Ана, аз байни шумо кадом падар агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг медиҳад? 10 Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мори заҳрдор медиҳад? 11 Пас, агар шумо бо тамоми дилсиёҳиатон ба фарзандони худ чӣ тавр чизҳои хуб доданро медониста бошед, наход Падари шумо, ки дар осмон аст, ба каси талабкарда чанд маротиба зиёдтар чизҳои хуб надиҳад?!
12 Чӣ гуна рафторро аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати онҳо рафтор кунед. Зеро мағзи шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
Дарвозаи танг
13 Аз дарвозаи танг гузаред, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва бисёр касон аз он мегузаранд. 14 Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
Фарқ кардани пайғамбарони бардурӯғ
15 Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо бо намуди гӯсфандони беозор меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони дарранда ҳастанд. 16 Шумо онҳоро аз амалиёташон мешиносед. Охир аз буттаи хор ангур ё анҷир намечинанд-ку. 17-18  Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти касал меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад. 19 Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.
20 Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз маҳсули амалашон мешиносед.
Киро Исо „намешиносам“ мегӯяд
21 На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд. 22 Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?“ 23 Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам“.
Бинокори дурандешу бинокори беақл
24 Инак, ҳар касе, ки ҳамаи ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди бинокори дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд. 25 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд. 26 Вале ҳар касе, ки ҳамаи гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро намекунад, монанди бинокори беақлест, ки хонаашро дар болои хок сохта буд. 27 Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бо шиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд».
28 Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд, 29 зеро Ӯ на ба монанди шариатдонон, балки чун шахси боқудрат онҳоро таълим медод.