28
Аз нав зинда шудани Исо
1 Фардои рӯзи истироҳат, офтоб ҳанӯз набаромада, Марями Маҷдалия ва дигар Марям барои хабар гирифтани қабр ба роҳ баромаданд. 2 Ногаҳон заминҷунбии сахт ба вуҷуд омад, чунки фариштаи Худованд аз осмон поён фаромада, санги дари қабрро як тараф ғелонда, бар болояш нишаст. 3 Намуди вай барқ барин буду либосаш монанди барф сап-сафед. 4 Посбонон аз тарси ӯ дарақ-дарақ ларзида мурда барин ба рӯи замин дароз кашиданд.
5 Фаришта бошад, ба он занон гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исои ба салиб мехкӯбшударо ҷустуҷӯ карда истодаед. 6 Лекин Ӯ дар ин ҷо нест. Чунон ки Ӯ гуфта буд, айнан ҳамон тавр Вай зинда шуд. Ана омада ҷоеро, ки Ӯ гузошта шуда буд, бубинед. 7 Акнун, зуд назди шогирдонаш рафта бигӯед, ки Исо аз байни мурдагон зинда шуда, акнун пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид. Ана ин буд хабаре, ки ман ба шумо гуфтанӣ будам».
8 Пас, он занон бо тарс, вале шодикунон саросема аз назди қабр сӯи шогирдон давида рафтанд, то ки ба онҳо нақл кунанд.
9 Банохост Исо бо онҳо вохӯрда саломашон дод. Онҳо ба Вай наздик омаданду саҷда карданӣ шуда аз пойҳояш дошта гирифтанд. 10 Исо ба онҳо гуфт, ки натарсанд, балки рафта ба бародаронаш гӯянд, ки онҳо ба Ҷалил раванд ва Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид.
Хабари посбонон
11 Занон ба роҳ баромада буданд, ки баъзе аз посбонон ба шаҳр рафта тамоми воқеаи рӯйдодаро ба сардорони рӯҳонӣ ҳикоят карданд. 12 Сардорони рӯҳонӣ барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода 13 гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омаданду аз фурсати хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд. 14 Агар ин хабар то ба гӯши ҳоким рафта расад, ғам нахӯред; мо ба ӯ гапамонро маъқул мекунонем».
15 Посбонон пулро гирифтанду рафта, чунон ки онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Бинобар ҳамин яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз мегуфтагӣ шуданд.
Зоҳиршавии Исо
16 Инак, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. 17 Онҳо Ӯро дидан замон ба Ӯ саҷда карданд, аммо баъзеашон шубҳа доштанд. 18 Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. 19 Пас, равед ва ҳамаи халқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед 20 ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам».