Хушхабар аз
Марқӯс
Пешгуфтор
Ин Хушхабарро яке аз имондорони аввал ба номи Юҳаннои Марқӯс аз рӯи гуфтаҳои Петрус, шогирди Исои Масеҳ навиштааст. Аз рӯи замони навишташуданашон Хушхабар аз Марқӯс пештар аз се Хушхабари дигар навишта шудааст.
Азбаски дар китоби Марқӯс калимаҳои зиёди арамеӣ ва расму оинҳои яҳудӣ шарҳ дода шудаанд, бинобар ин фаҳмида мешавад, ки Хушхабар аз Марқӯс барои халқҳои ғайрияҳудӣ навишта шудааст. Муаллиф бо нақли худ дар дили хонандаҳо боварӣ ҳосил кардан мехоҳад, ки Исо боқудрат аст, ки одамонро аз рӯҳҳои нопок, касалиҳо ва марг халос кунад. Инчунин муаллиф хотиррасон кардан мехоҳад, ки пайрави Исо будан осон нест, чунки пайрав бояд монанди Исо ба дигарон хизмат кунад ва ба ранҷу азоб кашидан тайёр бошад.
Дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав ин китоби Хушхабар аз рӯи ҳаҷмаш кӯтоҳтарин мебошад. Дар вақти нақл кардани аз ҳаёт ва таълимоти Исо муаллиф бештар ба ҳодисаҳои аҷибу мӯъҷизаовар диққати хонандаро ҷалб мекунад. Бинобар ин нақли воқеаҳо аз оғози хизмати Исо сар мешавад ва аллакай аз боби аввалин мо дар бораи мӯъҷизаҳои бузурги Ӯ мехонем, ки: Ӯ баъд аз интихоби чор шогирдаш дарҳол мардеро, ки гирифтори рӯҳи нопок буд шифо медиҳад; хушдомани Шимъӯнро, тӯдаи одамони беморро ва инчунин марди махавро шифо медиҳад. Гаштаю баргашта Марқӯс аз мӯъҷизаҳои шифобахши Исо нақл мекунад ва аз ин нақлҳо маълум мешавад, ки Исо бо қудрати Худо шифо медод.
Дар айни ҳол роҳбарони динӣ Исоро қабул намекарданд ва низоъ ба миён оварда, роҳи куштани Исоро меҷустанд. Дар сурате ки девҳо дар пеши қудрати Исо сархам мешуданд ва медонистанд, ки Ӯ Наҷотдиҳанда аз тарафи Худо аст, вале Исо ба онҳо иҷозат намедод, ки инро ба дигарон гӯянд. Ин китоб пур аз тасвири мӯъҷизотест, ки ҳам одамони оддӣ ва ҳам пайравони Исоро ба ҳайрат меоварданд. Аммо, мувофиқи китоби Марқӯс, мӯъҷизаи калонтарини Исо ин буд, ки чӣ тавр Ӯ ранҷу азоби зиёд кашид ва ҷони худро фидо кард. Аввалин шуда ин мӯъҷизаро сардори лашкарҳои румӣ фаҳмид. Вай тарзи дар салиб ҷон додани Исоро дида, гуфт: «Ин одам дар ҳақиқат Писари Худо буд» (Марқӯс 15:39).
1
Таълимоти Яҳёи Таъмиддиҳанда
Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад: Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд:
«Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам,
то ба омаданат роҳ тайёр кунад.
Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
„Барои Худованд роҳ тайёр кунед! Онро рост намоед!“».
Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд.
Аҳолии шаҳри Ерусалим ва мардуми тамоми сарзамини Яҳудия пеши Яҳё ба биёбон меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод.
Яҳё либосе аз пашми шутур ва камарбанди чармӣ дошт. Хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Аз паси ман як нафаре меояд, ки аз ман тавонотар аст. Вай он қадар тавоност, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад».
Таъмиди Исо
Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил буд, ба назди Яҳё рафт ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. 10 Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳи Муқаддас ба сурати кабӯтаре поён фаромада, дар болои Вай қарор гирифт. 11 Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».
12 Рӯҳи Муқаддас фавран Исоро ба биёбон равона кунонд. 13 Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва иблис Ӯро меозмуд. Дар биёбон Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд.
Оғози хизмати Исо
14 Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад. 15 Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст кашед ва ба ин хушхабар имон оваред».
16 Рӯзе Исо аз назди кӯли Ҷалил мегузашт, ки ба об тӯр андохта истодани Шимъӯн ва бародари ӯ Андриёсро дид, чунки онҳо моҳигир буданд. 17 Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». 18 Дарҳол онҳо тӯрҳои худро монда, Ӯро пайравӣ карданд.
19 Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. 20 Дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.
Шифои марди девона
21 Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. 22 Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд.
23 Айнан ҳамон вақт марде гирифтори рӯҳи нопок, ки дар ибодатхона буд, фарёд зад: 24 «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!»
25 Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. 26 Рӯҳи нопок ӯро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. 27 Ҳама дар ҳайрат монданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин як таълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунон боқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоат мекунанд?» 28 Овозаи Исо зуд дар тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил паҳн шуд.
Исо беморонро шифо медиҳад
29 Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт. 30 Вақте ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд хабар доданд, ки хушдомани Шимъӯн таб карда, дар бистар хобидааст. 31 Вай назди бемор омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби бемор паст шуд ва ӯ машғули меҳмоннавозӣ гардид.
32 Ҳамон бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб мардум ҳамаи беморону девонагонро ба назди Исо оварданд. 33 Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд. 34 Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд.
Дуои Исо дар хилватгоҳ
35 Саҳарии барвақт, ҳанӯз субҳ надамида, Исо бархесту ба ҷои хилвате рафта, дуо кард. 36 Шимъӯн ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд. 37 Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Шуморо ҷустуҷӯ мекунанд». 38 Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки Ман ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки барои иҷрои ҳамин кор Ман омадаам».
39 Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард.
Покшавии марди махав
40 Рӯзе ба назди Исо марди махав омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳед, метавонед маро пок созед». 41 Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» 42 Фавран касалии мард нест шуда, баданаш пок гашт.
43 Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон 44 гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба онҳо шаҳодате гардад». 45 Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.